ИФТИТОҲИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ МАСЪУЛОНИ КОРГУЗОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

IMG_9233

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои масъулони коргузории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ» оғоз гардида, то 23 январи соли 2021 идома меёбад.

 

Ифтитоҳи расмии он 18 январ бо иштироки Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ — Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич — директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ғанизода Ибодат Ғанӣ — директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ сурат гирифт.

Зимни ифтитоҳи курси мазкур зикр шуд, ки курсҳои такмили ихтисос василаи хуб барои такмили дониши хизматчиёни давлатӣ мебошанд. Хизматчиёни давлатӣ дар курсҳои мазкур донишҳои худро васеъ карда, дар раванди кору фаъолияти худ омӯхтаҳои хешро ба роҳ мемонанд, ки дар натиҷа ба беҳ шудани сатҳу сифати кори онҳо боис мегарданд.

 

Дар ҷараёни курси такмили ихтисос шунавандагон оид ба заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси одоби хизмати давлатӣ, қоидаҳои таҳияи дастурамали мансабӣ, дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, тартиби кор бо ҳуҷҷатҳои ворида ва содира ва амсоли ин иттилоъ хоҳанд гирифт.

 

Дар фарҷоми курс шунавандагон соҳиби гувоҳнома мегарданд.

 

Аксҳо

Похожие записи