ИФТИТОҲИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ ЗАНОНИ РОҲБАР

IMG_9541

Имрӯз, 25 январи соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи “Менеҷменти нави давлатӣ ва сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардида, 30 январ ҷамъбаст мегардад.

 

Курси мазкурро Абдухалил Ғафурзода – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба Академия хуш омадед гуфт.

 

Ректори Академия зимни ифтитоҳи курс қайд намуд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувон хеле зиёд аст. Боиси хушнудист, ки сол то сол сафи занони роҳбар дар идоракунии давлат ва зерсохторҳои он марҳила ба марҳила меафзояд. Имрӯзҳо фаъолияти занони ботаҷрибаю кордон дар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ хеле назаррас аст. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки занони тоҷик ба комёбиҳои зиёде ноил гардида, аз минбарҳои бузурги байналмилалӣ бо дарки баланди масъулиятнокӣ суханронӣ мекунанд ва баҳри густариши ҳарчи бештари Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳиссагузоранд. Имрӯз занону бонувони соҳибкасбу соҳибилм сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, бо ифтихор баҳри ояндаи дурахшони Тоҷикистон талош меварзанд. Умед дорем, ки курси мазкур дар баланд бардоштани донишҳои Шумо, ҳозирини гиромӣ, мусоидат намуда, дар фаъолияти минбаъдаи кориатон кумак хоҳад кард.

 

Ҳамчунин, дар ифтитоҳи курс Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич – директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғаффорзода Нигорахон – муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғанизода Ибодат Ғанӣ – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок намуданд.

 

 

Дар ҷараёни курси такмили ихтисос дар назар аст, ки ба шунавандагон оид ба Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мафҳуми гендер дар хизмати давлатӣ, кафолату имтиёзҳои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ, ҳамкории давлат бо ҷомеа дар пешгирии хушунати хонаводагӣ, зӯроварӣ дар оила ҳамчун шакли табъизи гендерӣ ва методҳои муқовимат ба он, мактаби сарварии занони муваффақ, тадбирҳои сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва амсоли ин устодон дарс хоҳанд гуфт.

 

Дар фарҷоми курс шунавандагон соҳиби Гувоҳнома мегарданд.

 

Аксҳо

Похожие записи