ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШӢ ВА МАГИСТРАТУРАИ “МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН” ДАР АКАДЕМИЯ

IMG_9382

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигӣ ва дастгирии бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ифтитоҳ гардид.

 

Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.2020, №1463 дар сохтори Академия таъсис ёфта, мақсади асосии он омӯзиши масъалаҳои ташаккул ва рушди мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва пурқувват намудани иқтидори ҳайати кадрӣ хизматчиёни давлатӣ ва таҳқиқу омӯзиши Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Академия магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-ро таъсис дод.

 

Дар ифтитоҳи расмии Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва шуъбаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол, доктори фахрии Академия Абдуллозода Нусратулло, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ, Ҳакимзода Шарифҷон ва дигар олимону муаллифони китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Зимни кушодашавии расмии шуъбаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ректори Академия профессор Ғафурзода Абдухалил иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” омӯзиши мактаби идоракунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар рушди соҳаҳои стратегии низоми иҷтимоии ҷомеа буда, диққати асосӣ ба корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ ва ҳалли масъалаҳои стратегии низоми иҷтимоӣ дода мешавад:

 

– Чун сухан дар бораи “Меъмори Ваҳдат”, “Бунёдгузори давлати навини Тоҷикистон”, “Тоҷикистони муосир”, “Тоҷикистони соҳибистиқлол” ва амсоли инҳо равад, симои бузурги сиёсию давлатӣ, роҳнамои миллати бузурги тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоён мешавад. Пас, месазад, мактаби бузурги давлатдории Эмомалӣ Раҳмон барои хизматчиёни давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ татбиқ менамоянд, ҳамаҷониба омӯзонида шавад, – таъкид намуд Ғафурзода А.Д.

 

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин зимни суханронии хеш қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбари давлати тоҷикон гардид, ки Тоҷикистон ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор буд ва тамоми шохаҳои мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, аз уҳдаи идоракунии мамлакат намебаромаданд. Тамоми қувваҳои сиёсии мамлакат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дастаҳои мусаллаҳи яроқнок на баҳри манфиатҳои умумимиллӣ, балки баҳри манфиатҳои тангназаронаи худ талош мекарданд. Дар чунин шароити ниҳоят сангин вазифаи муҳимтарини роҳбарияти нави Тоҷикистони соҳибистиқлол пешгирӣ намудани роҳи шикасти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таъмини амнияти давлат ба ҳисоб мерафт. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар як вақт Сарвари давлатро низ ба уҳда дошт, бо дарки воқеии вазъияти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузошт. Мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда ва шоёни таҳқиқ ва омӯзиш буда, моро зарур аст, ки нукта ба нукта ба хизматчиёни давлатӣ таҷрибаи бузурги давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯзонем.

 

Дар ҷараёни чорабинӣ гуфта шуд, ки таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ барои мо як мактаби бузурги давлатдорӣ ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддӣ рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

 

Бояд гуфт қабули довталабон барои соли таҳсили 2021-2022 барои хизматчиёни давлатӣ ба зинаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” аз рӯйи ихтисосҳои 1-26010101 – идораи мақомоти маҳаллӣ, 1-260101 – идораи давлатӣ, 1-23010101 – сиёсати берунӣ ва дипломатия ва 1-2301060301 – менеҷменти сиёсӣ ба роҳ монда мешавад.

 

Ба магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” хизматчиёни давлатие, ки собиқаи кории на кам аз 2-сола дошта, донандаи забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) мебошанд, тариқи имтиҳон пазируфта мешаванд.

 

Магистрантон давоми як соли таҳсил дар магистратураи мазкур малакаи кории худро такмил дода, донишҳои касбиро тақвият мебахшанд ва соҳиби диплом мегарданд.

 

Таҳсил дар магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар самти болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Ҳамчунин, зимни чорабинии мазкур ҷилдҳои 1, 2 ва 3 – и китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташакул ва рушд” ба меҳмонону иштирокчиён муаррифӣ гардид. Таъкид гашт, ки ҷилдҳои 4 ва 5 –и китоби мазкур давоми соли ҷорӣ ба нашр хоҳад расид.

 

Лозим ба ёдоварист, ки Академия сол аз сол фаъолиятро густурда намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил мегардад. Махсусан, татбиқи лоиҳаҳои гуногуни муштарак имкон дод, ки ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо ва муассисаҳои таълимии онҳо мустаҳкамтар гардад.

 

Ифтитоҳи якчанд марказҳои омӯзишӣ ва дӯстию ҳамкорӣ дар Академия давоми соли ҷорӣ далели фаъолияти пурсамар ва натиҷабахши аҳли Раёсат, ҳайати устодон ва кормандони муассиса маҳсуб меёбад.

 

Аз ҷумла, 22  феврали соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон” ифтитоҳ гардид.

 

“Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия” бо кабинети лингофонӣ тибқи лоиҳаи муштараки Академия бо Дафтари ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳои Туркия (ТИКА) дар шаҳри Душанбе бо мақсади омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъсис дода шудааст.

 

Похожие записи