ИШТИРОКИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯ ДАР КОНФРОНСИ “20 СОЛИ СҲШ: РУШДИ МИЛЛӢ ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ”

1627980360919

Бо мақсади таҷлили бо шукӯҳи 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 27-28 июли соли ҷорӣ Департаменти байналмилалии Академияи давлатии маъмурии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Котиботи СҲШ бо иштироки давлатҳои узви СҲШ, нозирон ва шарикони муколама дар шаҳри Пекин конфронс дар мавзӯи “20 соли СҲШ: рушди миллӣ ва идоракунии давлатӣ”-ро дар шакли омехта (маҷозӣ ва ҳузурӣ) доир намуд.

 

Ҳадафи асосии чорабинии мазкур густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни давлатҳои аъзои СҲШ бо истифода аз усули мубодилаи таҷриба дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва омодасозии кадрҳои роҳбарикунанда арзёбӣ гардид.

 

Вобаста ба барномаи тарҳрезишуда пас аз маросими ифтитоҳ мизи мудаввар оғоз гардида, сипас, вобаста ба самтҳои интихобгардида конфронс ба 4 бахши алоҳида ҷудо шуд.

 

Дар конфронси мазкур Ректори Академия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ дар бахши пленарии мизи мудаввар иштирок ва дар мавзӯи “Омодакунии кадрҳо барои идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: тарҳҳои муосир ва усулҳо” суханронӣ намуданд.

 

Ҳамчунин, Бобозода Фаридун Толибҷон, директори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ дар бахши якуми конфронс – “Ҳизби ҳоким ва рушди миллӣ” дар мавзӯи “Мақом ва нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Раҷабова Шукрона Мирзоҳамдамовна, муовини директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон дар бахши чорум – “Ҳамкории минтақавӣ: имконот ва мушкилот” дар мавзӯи “Ҳамкории марказҳои миллии СҲШ оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҳамчун шакли нави ҳамкории минтақавӣ” баромад намуданд.

Похожие записи