ИШТИРОКИ ҶАВОНОН ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ВА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

IMG_4807

Таҳти ин унвон имрӯз, 19 майи соли 2021, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бо иштироки устодону кормандон, магистрантону донишҷӯёни Академия, намояндагони вазорату идораҳо ва олимону муҳаққиқони дигар муассисаҳои олии кишвар баргузор гардид.

 

Дар бахши пленарии конференсияи ҷумҳуриявӣ Комилбек Амид Ёрбек – н.и.с., дотсент, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соибов Зайниддин Маҳмадшарифович – н.и.ҳ., дотсент, декани факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулмаинзода Зарина Қадамшо – муовини раиси Кумитаи кор занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода – н.и.ф., дотсент, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Комилбек А.Ё ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули онҳо дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Имрўз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Аз ин ҷо татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Тавре маълум аст, яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ташаббусҳои ҷавонони тоҷик дар давраи истиқлол дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ собит намуд, ки онҳо метавонанд дар ташаккули сиёсати давлатӣ, додани симои комилан нав ба он, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон саҳмгузор бошанд. Баъди тағйиру иловаҳо ба қонуни асосии кишвар – Конститутсия, имрӯзҳо аксари хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд.

 

Сипас, дигар иштирокчиёни бахши пленарӣ вобаста ба мавзӯи баррасишаванда бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво суханронӣ намуданд.

 

Ҳамчунин, дар бахши маърӯзаҳо иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯъҳои мубраб, аз ҷумла Қодирӣ Суҳайлӣ Абдуҳафиззода – Сардори шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Хусусиятҳои хоси хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ҷавонон дар он”, Сафарзода Моҳира Амиралӣ – номзади илми филология, муаллими калони кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ дар мавзӯи “Заминаҳои амаливу назариявии худсозии Пешвои миллат дар шароити муосир – намуна барои ҷавонон”, Ашуров Алиназар Ҳоҷибоевич – мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар сиёсатгузориҳои Ҳукумати Тоҷикистон”, Занджирбекова Гулноз Исломбековна – муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев дар мавзӯи “Вопрос национального самосознания молодёжи и его отражение в книге Бободжона Гафурова “Таджики”, Абдуллоева Парвина Саидҷоновна – унвонҷӯи кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Инъикоси масоили худшиносии ҷавонон дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров” ва дигарон баромад намуданд.

 

Дар қисмати музокироти конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуӣ “Иштироки ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ” суолу ҷавоб миёни иштирокчиён сурат гирифта, конференсия натиҷабахш анҷом пазируфт.

 

Похожие записи