КИТОБ – МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ МАЪРИФАТНОК НАМУДАНИ ҶОМЕА

i

“Китоб як рукни муҳимми тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд”. Эмомалӣ Раҳмон

 

Китоб чун ганҷи пурқимат аз муҳимтарин падидаи фарҳангӣ дар дунё ба ҳисоб рафта, онро метавон қиматтарин бозёфти ҳастии инсон номид. Боиси хушбахтист, ки мардуми тамаддунофари тоҷик аз қадим ҳамчун китобхону китобдор худро ба китоб қарин намуданд.

 

Аз қадим дар миёни халқи тоҷик ба китоб чун ёри беминнат ва роҳкушову роҳбар дар радифи модар – Ватан муқаддас мешумориданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” вобаста ба ин гуфтаҳо чунин қайд намудаанд: “Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида, беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд”.

 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ низ барои рӯ овардан ба китобу китобхонӣ аз ҷониби давлату Ҳукумат чораҳои муассир андешида шуда, барои рушди соҳаи китобдорӣ қонуну барномаҳои зиёд ба тасвиб расидааст. Аз ҷумлаи онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” мебошад. Дар дебочаи ин қонун мо мехонем: “Қонуни мазкур асоси ҳуқуқӣ, ташкил, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавридҳои ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, барои дастрасии озодона ба комёбиҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ танзим менамояд”.

 

Гузашта аз ин, дар ин давра фаъолияти китобхонию китобдорӣ тавсеа ёфта, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир гардид. Ҳамчунин, барои шароит фароҳам овардан дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумлаи онҳо гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамин тавр соли 2012 муассисаи мазкур бо шароити муосир ва замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

 

Ҳамчунин, яке аз иқдомҳои дигари беназире, ки бо Амри Президенти кишвар баргузор гардид, замина фароҳам овард, ки ҳазорон нафар китобхон шаванд, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” буд. Ин озмун ба мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир гашта истодааст.

 

Ҳамин тавр, дар ҷумҳуриамон ба китоб чун омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа диққат ҷиддӣ дода мешавад. Китобхонаҳо чун маркази муҳимми илму фарҳанг фаъолияти назаррас намуда, ба китоб чун маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун муомила карда мешавад. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо қобилияти сухандониву суханронии ҷавонону наврасон сайқал ёфта, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо васеъ гаштааст.

 

Исмоилҷон ҚУРБОНОВ,

магистранти курси 2

Похожие записи