КОНСТИТУТСИЯ – САРЧАШМАИ АСОСИИ ҲУҚУҚ

Манзура РАУПОВА

Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меоварад.

 Эмомалӣ Раҳмон

 

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсияи нав барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳрвандӣ ба миён омад. Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави ҳукумат ва Раиси Шӯрои Олӣ бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароит фароҳам овард. Баҳри иҷрои ин нақшаи азим баъди барҳам хӯрдани сохти шӯравӣ эҷоди санаду қонунҳои нав ва барои ин амал қабули конститутсияи нав зарур буд. Зеро ки дар он марҳила маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бинобар ин, бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфта, он Лоиҳаи Конститутсияи навро таҳия намуд ва 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсия – Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Аз ин ҷост, ки ҳар сол 6-уми ноябр чун рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Тибқи конститутсия эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ чун ҳадафи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, вай чун шакли давлатдорӣ аз ҷониби ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон пазируфта шудааст. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст ва дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро эътироф намуданд.

 

Вай яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии кишвар маҳсуб гашта, 10 боб ва 100 моддаро дар бар мегирад ва хусусиятҳои хоси давлати миллии соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд. Мувофиқи моддаи 1-уми он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълом гардида, тибқи моддаи 6-уми он халқ баёнгари ҳокимияти ягона дар ҷумҳурӣ эътироф шуд.

 

Меъёрҳои муайяннамудаи Конститутсия барои устувории вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва осоиши мардум хизмат мекунад. Тавре маълум аст, соли 1991 дар пеши назари мардум дар Парлумони онвақта борҳо ба Конститутсия тағйиру иловахо ворид карда шуд, ки ба манфиати ин ё он гуруҳҳои сиёсӣ хизмат намуда, боиси барканоршавии сарвари давлат гардида буд. Акнун тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар тибқи моддаҳои 98, 99, 100-уми боби 10-уми он танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ мардуми ҷумҳурӣ сурат мегирад ва ягон аҳзоби сиёсӣ ё гуруҳи одамон бо роҳи зӯрӣ ва фишор ҳуқуқ надоранд, ки ба он тағйиру илова ворид намоянд.

 

Мавқеи асосиро дар Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ташкил медиҳад. 34 моддаи Конститутсия, яъне сеяки он ба ин мавзуъ бахшида шудааст. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид гашт, дар ин ҷанба онро такмил дод ва пурра сохт. Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, хуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд» (м.5). Масъалаи забони миллӣ ва рамзҳои давлат ҳаллу фасли худро ёфтанд. Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимиятро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад» (м.9). Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби мақомҳое, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.

 

Яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ интихоби институти президентӣ буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба ҷойи идоракунии президентӣ тарзи парлумонӣ интихоб гашта буд. Бинобар ин, ҳангоми таҳияи Конститутсия баҳсҳо зиёд гашта, ду лоиҳа таҳия гардид ва дар муҳокимаи гуруҳи корӣ ва Комиссияи конститутсионӣ аксарият «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ»-ро тарафдорӣ карданд. Дар давоми 27 соли амали Конститутсия дурустӣ ва ба ҳолати кунунии ҷумҳурӣ мувофиқ будани ин роҳ исботи худро ёфт. Конститутсия шакли идоракунии президентиро муқаррар намуд ва тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст (м.64). Президенти кишварро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд. Ба салоҳияти Президенти ҷумҳурӣ муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъсис ва барҳам додани вазоратҳо, ва ғайра, аз ҷумла, таъин ва аз вазифа озод намудани судяҳои Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, судҳои иқтисодӣ ва дигар ваколатҳо дохил мешаванд.

 

Боби ҳаштуми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар намудааст. Моддаи 87-уми Конститутсия муқаррар намудааст: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Ин муқаррарот фаъолияти мустақилона ва имконияти пурраи баамалбарории адолати судиро таъмин менамояд. Принсипи мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғаразона, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст.

 

Дар замони шӯравӣ ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа танҳо ҳизби коммунистӣ амал менамуд, арзи вуҷуд доштани аҳзоби дигарро Конститутсия манъ менамуд. Дар конститутсияи нав яккаҳизбӣ аз байн бурда шуд ва принсипи бисёрҳизбӣ ҷорӣ гардид. Мувофиқи он имрӯз дар ҷумҳурӣ 7 ҳизби сиёсӣ амал менамоянд. Моддаи 12-уми Конститутсия бо мақсади дар кишвар таъмин намудани муносибатҳои бозаргонӣ ривоҷи соҳибкорӣ, гуногуншаклии моликият, аз ҷумла, моликияти хусусиро ифода мекунад. Мувофиқи Конститутсия дар мамлакат ваҳдат ва ризоияти миллӣ барқарор шуд, тағйиру иловаҳои соли 1999 давлатдории тоҷиконро комилтар сохт.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирўзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».

 

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории кишвар ва заминаи рушди муносибатҳои ҳуқуқии ҷамъиятӣ баръало мушоҳида гардида, зина ба зина дар устувор гардидани принсипҳои миллии давлатдории навини тоҷикон,  яъне дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона инъикос мегардад.

 

Манзура РАУПОВА,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

профессори кафедраи ҳуқуқ ва

ҳуқуқшиносии муқоисавии Академия

Похожие записи