КУМАК БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН – ПАЙГИРӢ АЗ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

IMG_1155

Дарахт бо обу инсон бо меҳр месабзад. Фарзанди одам ҳамеша ба дилгармӣ ва ба меҳру муҳаббати самимӣ ниёз дорад. Бахусус, дар ҳоле, ки як нафар ятим мемонад, бештар ниёзманди он мешавад. Ва аз ин дида эҳсоси хуштар нест, ки як инсон як ятимро хурсанду хандон месозад. Зеро ятимон дар зиндагӣ афсурдаю дилозурда,  ниҳоят нозуктабъ ва бештар аз ҳама ба пуштибонию муҳаббат ниёз доранд. Бузургону гузаштагони мо баҳри дилсӯзии ятимон ва дасти сахо дароз кардан ба онҳо панду андарзҳои бешумор ба ояндагон боқӣ гузоштаанд. Шайх Аттор барҳақ фармудааст:

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

 

Аз рисолати инсонист агар шахс як ятимеро дар ҳолати нороҳатию афсурдагӣ бинад, ӯро хурсанд ва эҳсоси бекасиву ятимиро аз ӯ дур кунад. Дар кишвари мо 46200 нафар ятим ба қайд гирифта шудааст. Барои нигоҳубини онҳо дар тамоми манотиқи кишвар 77 ятимхонаҳо бунёд гардидааст. Дар ин ятимхонаҳо ятимон дар беҳтарин шароит бо меҳру муҳаббати бузург нигоҳубин шуда, аз афсурдагию ғам дар каноранд.

 

Дар ҳаёт меҳри волидонро ба фарзанд ҳаргиз касони дигар дода наметавонанд. Зеро он меҳр пайванди хунӣ буда, ба фарзандон эҳсоси ногуфтанӣ мебахшад. Бисёр фазилатҳост, ки онҳоро ба ҷуз падару модар ягон нафари дигар дар ҳаёт доро буда наметавонад. Аммо имрӯзҳо кам нестанд онҳое, ки бо амри тақдир аз ин неъмат маҳруманд ва ҳамеша ба худ мутаккою ғамхор меҷӯянд. Шукрона аз замони соҳибистиқлолӣ имрӯзҳо кулли ятимони кишвар эҳсоси танҳоиро дар худ надоранд. Чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои ятимпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ятимонро дастгирӣ намуда, тамоми шароитҳои лозимаро баҳри онҳо муҳайё сохтаанд. Бояд гуфт, ба ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат солҳои охир вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо низ пайравӣ намуда, ба ятимон, нафарони имконияташон маҳдуд ва ашхоси камбизоат кумак мерасонанд.

 

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо пуштибонӣ аз сиёсати Президенти ятимпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайгирӣ намуда, як гурӯҳ кормандону устодон ва донишҷӯён бо роҳбарии ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа Зулфия Аҳмадзода ба дидорбинии кӯдакони Мактаб – интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо мақсади кумак ба ятимон, нафарони имконияташон маҳдуд ва ашхоси камбизоат бо туҳфаҳои хотиравию барномаҳои фарҳангӣ рафтанд. Баъди ин сафар мо дубора шоҳиди он гардидем, ки маҳз сиёсати ятимпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шудааст, ки имрӯзҳо ятимон заррае дарди бекасиро эҳсос накарда, дар ятимхонаҳо дар муосиртарин шароит илм меомӯзанду дониш аз бар мекунанд.

Муборак БОБОЕВА,

магистранти Академия

Похожие записи