КУРСИ САЙЁРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮИ БАРНОМАИ “МУБОДИЛАИ ЭЛЕКТРОНИИ ҲУҶҶАТҲО ДАР МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ”

1

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сармутахассисон (мутахассисони пешбар)-и раёсатҳо (шуъбаҳо ва бахшҳо)-и Агентии омор дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, муовини аввали раиси шаҳри Гулистон  Комилзода Нуринисо Раҷабӣ ва сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қадриддин Сулаймонов аз рӯи барномаи “Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ” шурӯъ аз 21 июн то 23 июни соли ҷорӣ курси сайёри такмили ихтисос доир гардид.

 

Барои шунавандагони курси мазкур тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.01.2021), заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ, моҳияти истифодаи барномаи MICROSOFT EXCEL дар хизмати давлатӣ, тарзи дурусти таҳияи матн дар ҳуҷҷати мақоми давлатӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, моҳияти истифодаи барномаи MICROSOFT WORD дар хизмати давлатӣ, нақши технологияҳои иттилоотӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдату якдилӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуният ва интизом дар идоракунии давлатӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин машғулиятҳо гузаронида шуд.

 

Дар анҷоми курс мизи мудаввар дар мавзӯи “Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ: ҳолат ва дурнамо” баргузор гардид.

 

Ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома тақдим карда шуд.

Похожие записи