МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

терроризм

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст. Эмомалӣ Раҳмон

 

Воқеаву ҳодисаҳои мухталифи ҷаҳони имрӯза собит месозад, ки проблемаи терроризми байналхалқӣ ва экстремизм яке аз масъалаҳои актуалӣ ва доғи рӯз боқӣ мондааст ва ҳал намудани ин мушкилӣ танҳо дар ҳамбастагии қудрат ва имконоти дохилию хориҷии кишварҳои ҳампаймон имконпазир мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чандин маротиба ширкат ва суханронӣ карда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намудаанд. Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд.

Боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор – ақли худро ба ҳиллаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллат ва давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддасоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳони миллати тоҷик имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд. Боздошт ва безараргардонии афроди ҷиноятпеша дар ҷануби кишвар далели гуфтаҳои болост.

Аввалин гурӯҳи террористӣ дар таърихи инсоният гурӯҳи сикаристҳо буданд, ки дар солҳои 66-73 асри І мелодӣ дар Фаластин мезистанд. Дар асри XІ дар Шарқ бошад, бо номи гурӯҳи “асосинҳо”, ки ба онҳо Ҳасани Саббоҳ роҳбарӣ мекард ва ҳамчун асосгузори идеологияи терроризм машҳур аст, фаъолият мекард.

Ҷамъиятҳои махфии террористӣ дар Шарқи Дур, Хитой ва Ҳиндустон вуҷуд доштанд. Аз нимаи дуюми асри XІX ҳаракати террористӣ дар Аврупо характери доимӣ гирифт. Махсусан, дар Русия ташкилоти “Озодии Халқ” (Народная Воля) хеле фаъол буд. Дар муддати се соли мавҷудияти худ онҳо амалиётҳои зиёди террористӣ анҷом доданд. Аз он ҷумла, куштори Генерал-Губернатори Петербург, роҳбари шӯъбаи сеюм Генерал Мезенсев, Шоҳ Александри ІІ аз тарафи онҳо амалӣ карда шуд. Давомдиҳандаи амали террористӣ дар Русия эсерҳо буданд. Тахминан ҳамаи кушторҳои дар аввали садаи XX рӯйдодаро эсерҳо ташкил мекарданд. Дар ин муддат қариб 263 ҳаракати террористӣ фаъолият мекард. Дар ин вақт дар Амрико президентҳо Мак-Кинли ва Гарфилд аз ҷониби террористҳо ба қатл расонида шуданд. Ҳамчунин соли 1894 Президенти Фаронса Карно, соли 1987 сарвазири Испания Кановас, соли 1898 маликаи австриягӣ Елизавета ва соли 1990 шоҳи Италия Умберто дар натиҷаи амали террористӣ ҷони худро аз даст доданд. Баъди ҷанги якуми ҷаҳон ташкилотҳои террористӣ аз тарафи гурӯҳҳои сепаратистӣ ва гурӯҳҳои фашистӣ дастгирӣ меёфтанд.

Ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуҳуроти номатлуби терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ рӯ ба рӯ гардида буд – ҷанги шаҳрвандӣ ҷони зиёда аз 150 ҳазор сокинони мамлакатро даррабуд. Танҳо бо шарофати якдигарфаҳмӣ ва сайъу талоши тарафҳо 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба тасвиб расид.

Ҳамин тариқ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судманди сиёсию ҳарбӣ, иҷтимоию фарҳангиро ба роҳ монда, барои аз байн бурдани омилҳои террористӣ ва экстремизм динӣ саҳми муносиби хешро мегузорад. Ҳайати фармондеҳии Артиши миллии ҷумҳурӣ дар самти оромӣ ва бехатарии минтақавӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, вагарна терроризми байналхалқӣ сарҳад, миллату қавмият ва мазҳаб надорад. Маҳз ба ҳамин хотир дар чаҳорчӯбаи Созмони амният ва ҳамкории дастаҷамъӣ ва дигар созмону ташкилотҳои байналхалқии бехатарӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи он бар зидди терроризму экстремизм, нашъаҷаллобӣ, ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккил муборизаи беамон бурда истодааст.

 

 Нуралӣ САИДОВ,

мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ