МАГИСТРАНТИ АКАДЕМИЯ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «ҲОФИЗХОНӢ» ГАРДИД

1234

Дар асоси Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба китобхонӣ бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе озмуни «Ҳофизхонӣ» баргузор гардид.

 

Озмуни мазкур дар ду давр – даври аввал то 31.12.2020 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва даври дуюм то санаи 18.01.2021 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.

 

Дар ин озмун Муминов Мустақим – магистранти курси 2-юми ихтисоси менеҷменти сиёсии Академияи идоракунии давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм гардид.

 

Похожие записи