МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2023 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалиро дар мавзӯи “Ҷавобгарии маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот, дурнамо ва роҳҳои ҳал” баргузор менамояд. Дар Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони соҳа ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:

  • Консепсияи муосири ҷавобгарии маъмурӣ: фаҳмиш ва равияҳои он;
  • Мафҳуми ҷавобгарии маъмурӣ;
  • Асосҳои ҷавобгарии маъмурӣ;
  • Ҷавобгарии маъмурӣ ва санксия ҳамчун унсури меъёри ҳуқуқӣ;
  • Механизмҳои мурофиавии ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидан;
  • Таҳаввулоти низоми чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ дар қонунгузории муосири Тоҷикистон;
  • Субъектҳои ҷавобгарии маъмурӣ;
  • Мушкилоти ҷавобгарии маъмурии шахсони ҳуқуқӣ;
  • Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавобгарии маъмурӣ;
  • Ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ;
  • Ҷавобгарии маъмурии хизматчиёни давлатӣ;
  • Ҷавобгарии маъмурӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, тандурустӣ ва соҳаҳои дигар.

 

Матни мақолаҳои иштирокчиёни конференсия, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи замимашуда мувофиқат намуда, то 18 майи соли 2023 пешниҳод мегарданд, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсия нашр карда мешаванд. Бақайдгирӣ ва пешниҳоди мақола ба кафедраи дахлдори кумитаи тадорукот манзур гардида, муаллифон метавонанд мақолаҳои худро тавассути суроғаи: ismoil.s85@mail.ru ирсол намоянд.

 Забони баргузории конференсия: тоҷикӣ ва русӣ

 Вақти баргузории конференсия: соати 09:00 (ба вақти Душанбе).

Суроғаи мо: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир 33, www.apa.tj.

Кумитаи тадорукот: Факултети идоракунии давлатӣ, кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатӣ (ошёнаи 11-ум)

E-mail: ismoil.s85@mail.ru; Тел: (+992) 555-58-55-52.

ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА

Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ/ МУАЛЛИФОН

– насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);

– номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад – шаҳр, давлат (бо се забон);

– почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).

НОМИ МАҚОЛА

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

КАЛИДВОЖАҲО

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,) ҷудо карда мешаванд.

АННОТАТСИЯ

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

ОРОИШИ МАТН

Ҳошияҳои саҳифа: 3 см – аз чап; 1 см – аз рост; 2 см – аз боло ва 2 см – аз поён.

Намуди ҳуруф: Times New Roman TJ анд.14; Times New Roman 14 кгл (барои матни русӣ).

Фосилаи камтарини миёни сатрҳо – аз 1.5.

Сархат: 1.25.

Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни саҳифагузорӣ; бе кӯчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]»ишора карда мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.

Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномаҳои Microsoft Office – Word 2003 ё Word 2007.

Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.

Матн: баробаркунӣ – «аз рӯйи паҳно».

Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)

ШАКЛИ НАМУНАВИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ФЕҲРИСТҲОИ БИБЛИОГРАФӢ

МАҚОЛА АЗ МАҶАЛЛАҲО ВА МАҶМӮАҲО

 Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699.

Баҳриддинов С.Э. Доир ба баъзе масъалаҳои назарияи пешгирии ҷинояткорӣ // Идоракунии давлатӣ. 2011. №1. С. 68-72.

 МОНОГРАФИЯҲО:

Тарасова В.И. Таърихи сиёсии Амрикои Лотинӣ: китоби дарсӣ барои мактаби олӣ. – нашри 2-юм. – М. : Проспект, 2006. С. 305-412.

АВТОРЕФЕРАТҲО

Глухов В.А.Таҳқиқот, коркард ва бунёд кардани низоми электронии санадрасонӣ дар китобхона: Автореф. дисс. … номз. илм.техн. наук. – Новосибирск, 2000. -18 с.

ДИССЕРТАТСИЯҲО

Фенухин В.И. Низоъҳои этносиёсии дар Россияи муосир: дар мисоли минтақаи Қафқози Шимолӣ: Дисс. … номз. илм. сиёсӣ. – М., 2002. С. 54-55.

ШАРҲҲОИ ТАҲЛИЛӢ

Иқтисодиёт ва сиёсати Россия ва давлатҳои хориҷаи наздик : шарҳи таҳлилӣ, апр. 2007 / Акад. Илм. Россия, Пажӯҳиш. иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. – М. : ПИҶМБ, 2007. – 39 с.

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯҲО

Бостоншиносӣ: таърих ва дурнамо: маҷ.мақ. Конфр. якуми минтақавӣ, Ярославл, 2003. 350 с.

ҲУҶҶАТҲО АЗ ИНТЕРНЕТ

Смертина П. Бонкдорӣ. [Манбаи электронӣ] //URL:http://www.banki.ru/news/bankpress/ (санаи муроҷиат: 12.09.2016)

Похожие записи