МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи  4-уми марти соли 2022 Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро таҳти унвони «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани мақом ва нақши шоистаи занон дар ҷомеа» баргузор менамояд. Ба Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар, ҳамзамон мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

 

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:

  • Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифгари мақом ва нақши занон дар ҳаёти ҷомеа;
  • Нақши Пешвои миллат дар таъмин ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои занон дар мамлакат;
  • Истиқлолият ва баланд гаштани ҷойгоҳи занон дар арсаи сиёсат;
  • Саҳми калидии занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ;
  • Тадбирҳои муассири Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби занон ба хизмати давлатӣ;
  • Саҳми занон дар рушди соҳибкорӣ;
  • Таҷрибаи мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа;

 

Масъулияти хатогии имлоӣ, техникӣ, мазмунӣ ва дигар намуди нуқсонҳо дар матни маърӯза ба зиммаи муаллиф вогузор карда мешавад.Матни мақолаҳои иштирокчиёни конференсия, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи замимашуда мувофиқат намуда то 19 феврали соли 2022 пешниҳод мегарданд, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсия нашр карда мешаванд. Бақайдгирӣ ва пешниҳоди мақола ба кумитаи тадорукот манзур гардида, дар сурати иловагӣ муаллифон метавонанд мақолаҳои худро ба раёсати илм ва инноватсия тавассути почтаи электронии:usmoniyon.1997@mail.ru ва ilm-innovatsiya.did@hotmail.com ирсол намоянд.

Мақолаҳои қабулгардида ба пойгоҳи library.ru ворид карда мешавад.

Забони баргузории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

Вақти баргузории конференсия: соати 10:00 (ба вақти Душанбе)

 Суроғаи мо: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир 33, www.apa.tj.

Кумитаи тадорукот:Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”(ошёнаи 5-ум, утоқи 505);

 

E-mail: usmoniyon.1997@mail.ru

Тел: (+992) 988-50-10-50; 110-03-37-66; 901-43-43-40

 

ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА

 

Дар ҳар як мақолаи илмии пешниҳодгардида бояд маълумоти зерин ҷой дошта бошад:

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАЛЛИФ/ МУАЛЛИФОН

– насаб, ном ва номи падари муаллиф/ муаллифон (бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);

– номи пурраи мақомот – вазифа, рутба, унвони илмӣ, агар хориҷӣ бошад –  шаҳр, давлат (бо се забон);

– почтаи электронии муаллиф/муаллифон (телефон барои тамоси муҳаррирон).

НОМИ МАҚОЛА

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

КАЛИДВОЖАҲО

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешаванд. Калидвожаҳо ё ибораҳо аз якдигар бо аломати вергул (,) ҷудо карда мешаванд.

АННОТАТСИЯ

Бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда мешавад.

ОРОИШИ МАТН

Ҳошияҳои саҳифа: 3 см – аз чап; 1 см – аз рост; 2 см – аз боло ва 2 см – аз поён.

Намуди ҳуруф: Times New Roman TJ анд.14; Times New Roman 14 кгл (барои матни русӣ).

Фосилаи камтарини миёни сатрҳо – аз 1.5.

Сархат: 1.25.

Талабот ба матн ва истинодҳои дохили матн: «навъи китобӣ»; бидуни  саҳифагузорӣ; бе кӯчонидани калима аз сатр ба сатр; истиноди библиографӣ ба сарчашма дар дохили матн, бо ишораи рақамҳо дар дохили қавси кунҷӣ: «[1]» ишора карда мешавад. Агар саҳифа дошта бошад: «[1, 12]». Такрори истинод бо ишораи рақами истиноди қаблӣ ва рақами саҳифаи нав меояд.

Барномаи таҳрирӣ: бастаи барномаҳои Microsoft Office – Word 2003 ё Word 2007.

Номи мақола: дар маркази сатр; бе фосила; бо ҳарфҳои калон.

Матн: баробаркунӣ – «аз рӯйи паҳно».

Ҳаҷми мақола: на камтар аз 8 саҳифа (барои мақолаи илмӣ)

 

ШАКЛИ НАМУНАВИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ

ФЕҲРИСТҲОИ БИБЛИОГРАФӢ

МАҚОЛА АЗ МАҶАЛЛАҲО ВА МАҶМӮАҲО

 

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699.

Баҳриддинов С.Э. Доир ба баъзе масъалаҳои назарияи пешгирии ҷинояткорӣ // Идоракунии давлатӣ. 2011. №1. С. 68-72.

МОНОГРАФИЯҲО:

Тарасова В.И. Таърихи  сиёсии Амрикои Лотинӣ: китоби дарсӣ барои мактаби олӣ. – нашри 2-юм. – М. : Проспект, 2006. С. 305-412.

АВТОРЕФЕРАТҲО

Глухов В.А.Таҳқиқот, коркард ва бунёд кардани низоми электронии санадрасонӣ  дар китобхона: Автореф. дисс. … номз. илм.техн. наук. – Новосибирск, 2000. -18 с.

ДИССЕРТАТСИЯҲО

Фенухин В.И. Низоъҳои этносиёсии дар Россияи муосир: дар мисоли минтақаи Қафқози Шимолӣ: Дисс. … номз. илм. сиёсӣ. – М., 2002. С. 54-55.

ШАРҲҲОИ ТАҲЛИЛӢ

Иқтисодиёт ва сиёсати Россия ва давлатҳои хориҷаи наздик : шарҳи таҳлилӣ, апр. 2007 / Акад. Илм. Россия, Пажӯҳиш. иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. – М. : ПИҶМБ, 2007. – 39 с.

МАВОДИ КОНФЕРЕНСИЯҲО

Бостоншиносӣ: таърих ва дурнамо: маҷ.мақ. Конфр. якуми минтақавӣ, Ярославл, 2003. 350 с.

ҲУҶҶАТҲО АЗ ИНТЕРНЕТ

Смертина П. Бонкдорӣ. [Манбаи электронӣ] //URL:http://www.banki.ru/news/bankpress/ (санаи муроҷиат: 12.09.2016).

Похожие записи