МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 5-6 марти соли  2021 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалиро таҳти унвони «Ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ: моделҳои муосири самараноки он» тариқи онлайн баргузор менамояд. Дар Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, ҳамзамон намояндагии ҳамкорони хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомот ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

 

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:

  1. Ислоҳоти идоракунии маҳаллӣ ва самаранокии татбиқи он дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ;
  2. Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо;
  3. Омӯзиши моделҳои хизмати давлатии шаҳрвандии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (Малайзия ва Сингапур);
  4. Давраҳои ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  5. Саҳми Пешвои миллат дар ташаккули идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  6. Асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия: ҳолат ва мушкилот;
  7. Коркарди моделҳои самараноки идоракунии давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ;
  8. Қонуният ва интизом дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ;
  9. Идоракунии давлатӣ дар модели муосири менеҷменти давлатӣ;
  10. Таносуби модели анъанавӣ ва муосири идоракунии давлатӣ: тафовут ва самаранокӣ;
  11. Монеаҳои ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ.

 

Масъулияти хатогии имлоӣ, техникӣ, мазмунӣ ва дигар намуди нуқсонҳо дар матни маъруза ба зиммаи муаллиф вогузор карда мешавад.

Матни мақолаҳои иштирокчиёни конференсия, ки аз ҷиҳати мазмун ба талаботи замимашуда мувофиқат намуда то 25 феврали соли 2021 пешниҳод мегарданд, бо тавсияи ҳайати таҳририя дар шакли маҷмӯаи маводи конференсия то баргузорӣ нашр карда мешаванд.

Бақайдгирӣ ва пешниҳоди мақола тавассути суроғаи зерин амалӣ мешавад: payrav-izatullozoda@mail.ru

Суроғаи пайвастшавӣ ба конференсия дар реҷаи онлайн на камтар аз се руз пеш аз баргузорӣ ба почтаи электронии иштирокчиён ирсол мегардад.

 

Забони баргузории конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ

Вақти баргузории конференсия: соати 15:00 (ба вақти Душанбе)

Платформаи конфронс: Microsoft Teams.

Суроғаи мо: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тољикистон, 734003, шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир, 33.

Кумитаи тадорукот: факултети идоракунии давлатӣ (ошёнаи 10)

 E-mail:  payrav-izatullozoda@mail.ru

Тел.:   (+992) 93-557-58-55; (+992) 502-02-81-87; (+992) 915-25-63-73; (+992) 933-33-99-46.

 

 ТАЛАБОТ БАРОИ ЧОПИ МАҚОЛА

 

Маълумот барои муаллифон

Аксҳо

Похожие записи