МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ ВА ШАНБЕГӢ ДАР АКАДЕМИЯ

photo_2021-02-13_10-50-30

Субҳи имрӯз дар назди бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардид.

 

Баъд аз машқҳои пагоҳирӯзӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободониву тозагӣ бо ҷалби устодону кормандон ва донишҷӯён доир карда шуд.

 

Дар  корҳои ободониву тозагӣ устодону кормандон ва донишҷӯёни Академия фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтонро нарм карда, гирду атроф, саҳни ҳавлии бинои таълимии Академия, аз гардиши роҳи кӯчаи Саид Носир то охири бинои нави Академия (кӯчаи Л.Толстой) ва утоқҳои кориро тозаву озода намуданд.

 

Ёдовар мешавем, ки машқҳои пагоҳирӯзӣ ба хотири ҷисман солим нигоҳ доштани устодону кормандон ва донишҷӯёни Академия доир гардид. Шанбегиҳои Академия бошанд, барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба Ватану меҳан миёни онҳо, то ҷашни пурифтихори 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ ҳар ҳафта доир мегардад.

Аксҳо

Похожие записи