МАҲФИЛИ ИЛМӢ-ТАРБИЯВИИ “РОҲБАРИ МАРДУМӢ”

сайт 9

Ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори бахши хобгоҳи Академия ва Шӯрои донишҷӯёни хобгоҳ дар ҳамкорӣ бо раёсати корҳои тарбиявӣ дар доираи 8-умин маҳфили доимоамалкунандаи илмӣ-тарбиявии “Роҳбари мардумӣ” таҳти унвони “Конститутсия – бахтномаи миллати тоҷик” мизи мудаввар баргузор гардид.

 

Дар маҳфил устодону кормандони собиқадор, аз ҷумла декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва дуюми олии касбии Академия, номзади илмҳои таърих Маҳмадов Иброҳим, корманди Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Қувватзода Сайдулло, директори Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, номзади илмҳои педагогӣ Сайдаҳмадзода Дилором, муовини сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои филологӣ. Маликшозода Шоҳбегим, мудири бахши кор бо ҷавонони Академия Назарзода Алишер, муовини декан оид ба тарбияи факултети дипломатия ва сиёсат Раҳимов Наҷибулло, сармутахассиси шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон Остонаев Шавқат, роҳбари созмони донишҷӯёни Академия Бердизода Сиявуш ва донишҷӯёни фаъоли хобгоҳ иштирок намуданд.

 

Маҳфилро мудири бахши хобгоҳ Абдулвоҳид Абдулҳаев ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро ба муносибати солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният ва ҳадафи баргузории маҳфилро шарҳ дод.

 

Дар идома директори Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” Сайдаҳмадзода Дилором дар мавзӯи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар тарҳезии Конститутсияи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло дар мавзӯи “Вазъи мураккаби ҷомеи муосир ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва дуюми олии касбӣ Маҳмадов Иброҳим дар мавзӯи “Ҷанбаҳои таърихии Конститутсия ва Эъломияи ҳуқуқи башар” суханронӣ намуда, перомуни ҷойгоҳи Конститутсия ва нақши он барои шаҳрвандон ибрози назар намуданд.

 

Вобаста ба мавзӯи маҳфил донишҷӯён маърузаҳои худро дар шакли рӯнамоӣ пешниҳод карда, рафти маҳфилро шавқовартар карданд.

 

Дар қисмати музокира низ дар байни иштирокчиён баҳси илмӣ доир шуд.

 

Барои ҷолиб гардидани маҳфили илмӣ – тарбиявии “Роҳбари мардумӣ” миёни донишҷӯён викторина ташкил карда шуда, ба донишҷӯён саволҳо доир ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва конститутсияҳои кишварҳои ҷаҳон пешниҳод гардид.

 

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ меҳмонон ва нафароне, ки барои ташкил ва фаъолияти маҳфили илмӣ – тарбиявии “Роҳбари мардумӣ” саҳми арзанда гузоштаанд, аз ҷониби бахши хобгоҳи Академия сипосномаҳо тақдим гардид.

Аксҳо

Похожие записи