МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “МЕНЕҶЕРОНИ ҶАВОН” БАРГУЗОР ГАРДИД

2

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмии “Менеҷерони ҷавон”-и назди кафедраи идоракунии захираҳои инсонии факултети идоракунии давлатӣ таҳти унвони “Идоракунии захираҳои инсонӣ дар амалияи хизмати давлатӣ” бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

 

Сухани ифтитоҳии маҳфилро муовини декан оид ба таълими факултети идоракунии давлатӣ Раҷабов М.А. оғоз намуда, иштирокчиёнро хушомадед гуфт. Сипас, андешаҳояшро дар бораи идоракунии захираҳои инсонӣ дар амалияи хизмати давлатӣ дар шароити муосир иброз намуд.

 

Мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ н.и.ф., дотсент Саидов Н.С. дар мавриди ташаккул ва инкишофи идоракунии захираҳои инсонӣ дар замони соҳибистиқлолӣ изҳори андеша кард.

 

Ҳамчунин, донишҷуён дар мавзӯъҳои “Идоракунии захираҳои инсонӣ дар бахши ҷамъиятӣ”, “Унсурҳои асосии идоракунии фаъолият” ва “Нақши идоракунии захираҳои инсонӣ дар ислоҳоти низоми хизмати давлатӣ” маъруза карданд.

 

Баъд аз хотимаи баромадҳо иштирокчиён дар доираи мавзӯъҳои баррасишуда фикру ақидаҳои хешро иброз намуданд. Ба саволҳои иштирокчиён низ ҷавобҳои аниқу дақиқ гардонида шуд.

Похожие записи