МУРОФИАҲОИ МАЪМУРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

IMG_9823

Таҳти ин унвон рӯзи 27 январ бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкорӣ (JIZ) барои устодони Академия семинари илмӣ-амалӣ оғоз гардид.

Семинари мазкур дар доираи Барномаи “Мусоидати давлатдории ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ гардида, се рӯз идома меёбад.

Семинарро Сомон Исматов  – ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадафи онро шарҳ дод.

Баргузории семинари мазкур ҳар моҳ дар доираи нақшаҳои таълимии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, тренерони он аз ҳисоби коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ интихоб карда шудаанд.

Бояд қайд кард, ки дар семинар-тренинг ғайр аз мавзӯи асосӣ, ҳамчунин тарз ва методҳои таълими фанҳои ҳуқуқи маъмурӣ, бурдани кори фосилавӣ бо хатмкардагони тренинг бо мақсади умумигардонӣ ва таҳлили амалия, коркарди маводҳои илмӣ-амалӣ ва методологӣ омӯхта мешаванд.

Барои иштирок дар  семинари илмӣ-амалии мазкур аз тарафи Академия мутахассисон ва коршиносони ботаҷрибаи самти ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносӣ пешниҳод шуда, дар оянда ҳамчун тренер ва коршиноси барномаи болозикр фаъолият хоҳанд кард.

 

 

 

 

Аксҳо

Похожие записи