МУРОҶИАТНОМАИ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ба ҳайати кормандону устодон ва магистрантону донишҷӯёни Академия

IMG_3630

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ба ҳайати кормандону устодон ва магистрантону донишҷӯёни Академия
15 майи соли 2020
шаҳри Душанбе
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломада – пандемияи сирояти коронавируси навъи COVID-19 дар изтиробанд. Албатта мо низ ҷузъе аз ҷомеаи ҷањонӣ њастем ва ин бемории сироятӣ таъсирашро ба кишвари мо расонидааст.
Аз ин рӯ, аз ҳар яки Шумо, муҳтарам кормандону устодон ва магистрантону донишҷӯён даъват ба амал меорем, ки дар ин рӯзҳо дар масъалаи пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли ин бемории сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғи гигиенаи шахсӣ, умуман, таблиғи чораҳои пешгирӣ нисбати сирояти коронавирус дастҷамъона, муттаҳидона ва бо сабру таҳаммул ва муҳимтар аз ҳама, бо риояи чораҳои пешгирии ин беморӣ саҳми назарраси худро бояд гузорем.
Мо бояд бештар аз ҳарвақта муттаҳид бошем, мардумро ба оромӣ, сабурӣ ва таҳаммул даъват намоем, то ин ки ба эҳсосу ҳарос ва воҳимаву таҳлука дода нашаванд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос набояд ҳангомаҳо сохта, мардуми дар изтироб мондаро роҳгум занонида, ҳадафу манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии худро амалӣ намуд.
Ҳамзамон, маълум менамоем, ки дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар хуруҷи бемории COVID-19 ҳайати кормандону устодон ва магистрантону донишҷӯёни Академия дар таътили муваққатӣ қарор доранд.
Ҳолати бамиёномада набояд садди роҳи иҷрои вазифаҳои муқаддаси кормандону устодони Академия гардад. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академия дар назди кормандону устодон масъулияти баланд, яъне таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатиро вогузор намудаанд. Ин масъулият ва эътимод ҳар яки моро водор мекунад, ки пеш аз ҳама баҳри баланд бардоштани донишу малакаи худ чораҳои заруриро амалӣ намоем, зеро амалӣ гардидани ҳадаф ва вазифаҳои муқаддаси дарпешистода аз фаъолияти пурсамари ҳар яки мо вобастагии ногусастанӣ дорад.
Ҳамкорони азиз! Имрӯз дар назди ҳар яки мову шумо масъулияти азим меистад, бинобар ин, аз ҳар яки Шумо умедворем, ки ин таътили муваққатиро самаранок истифода намуда, дар амалӣ гардидани як қатор вазифаҳои муҳим саҳм хоҳед гузошт.
Чи тавре ки ба ҳар яки мову шумо маълум аст, дар соли таҳсили 2019-2020 як қатор кормандону устодони мо рисолаҳои номзадии худро сарбаландона ҳимоя намуда, сазовори унвони илмии номзади илм гардиданд. Ҳолати бамиёномада фурсатест барои нафароне, ки дар арафаи навиштан ва ҳимояи рисолаи номзадию докторӣ қарор доранд.
Аз ин рӯ, аз ҳама нафароне, ки дар арафаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ қарор доранд, даъват ба амал меорам, ки ҳарчӣ зудтар барои анҷом додани он кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Ҳамзамон, ба мудирони кафедраҳо ва омӯзгорони Академия муроҷиат карданиам, ки дар ин рӯзҳои истироҳатӣ бештар ба фаъолияти илмиву эҷодӣ машғул гардида, барои навиштани китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар баробари ин, аз тамоми ҳайати кормандону устодон ва магистрантону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки фурсати мазкурро ғанимат дониста, бештар ба мутолиаи китобҳои бадеӣ машғул шаванд ва дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», фаъолона иштирок намоянд.
Боқӣ тансиҳату хушрӯзгор бимонед. Худ ва наздиконатонро аз сирояти ин беморӣ эмин доред!

Аксҳо

Похожие записи