МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ДОКТОРИИ ИМОМЁРБЕКОВ АТОБЕК

IMG_8025

Дар ҷаласаи кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони таърихшинос муҳокимаи рисолаи доктории номзади илмҳои таърих Имомёрбеков Атобек доир гашт.

 

Устоди Академия, Имомёрбеков Атобек дар мавзӯи “Таърихи таъсис ва ташаккули мақомоти милитсияи ВМКБ Тоҷикистон (солҳои 1917-2017)” рисолаи докторӣ анҷом дода, дар ин ҷода таҳқиқоти арзишмандеро ба сомон расонид.

 

Зимни баррасии мавзӯъ Имомёрбеков Атобек иброз дошт, ки таърихи милитсияи тоҷик як ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Баҳри боз ҳам пурқувват намудани таърихи навтарини тоҷикон мо бояд ҳамаи самтҳои фаъолияти сохторҳои таркибии давлати тоҷиконро бояд мавриди омӯзишу таҳқиқотҳои илмӣ қарор диҳем:

 

– Бо ҳамин хотир банда баъди ҳимояи рисолаи илмӣ ва сазовори унвони илмии номзади илмҳои таърих соли 2015 бо тавсияи Шӯрои илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба мавзӯи мазкур таҳқиқотҳои илмиро идома дода, хушбахтона аллакай дар зинаи аввали муҳокимаи рисолаи илми ман қарор дода шуд,”- афзуд ӯ.

 

Дар доираи таҳқиқоти илмии н.и.т. Имомёрбеков А. бори аввал фаъолияти милитсияи тоҷики ВМБК ҶТ аз рӯзи аввали таъсисёбӣ ва ташаккулёбии минбаъдаи милитсияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, фаъолияти пурсамари он дар давраҳои мухталифи таърих тоҷикон то ба давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амсоли ин мавриди баррасӣ қарор дода шудаааст.

 

Бояд тазаккур дод, ки мавсуф кори илмиро таҳти роҳбарии сарходими шуъбаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Рақиб Абдулҳаев ба анҷом расонида, пас аз ҳимояи рисола аз рӯи ихтисоси 070002 – “Таърихи ватан” соҳиби унвони доктори илмҳои таърих хоҳад гашт.

 

Ба устоди гиромӣ тавфиқ хоҳонем!

Похожие записи