НАВИДЕ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Амид Комилбек Ёрбек (2)

Мардуми шарифи Тоҷикистон имсол 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо эҳсоси баланди миллӣ таҷлил менамояд. Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои истиқболи соҳибихтиёрӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, раванди музокироти сулҳ, бунёди низоми нави идоракунии давлатӣ, барқарор намудани хоҷагии халқ баъди ҷанг ва ворид шудан ба рушди устувори кишварро паси сар намуданд.

 

Дар баробари рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ соҳаи маориф ва илм дар солҳои соҳибистиқлолӣ бомаром рушд карда истодааст. Дар мамлакат бунёди як қатор муассисаҳои томактабӣ, миёна, миёнаи касбӣ, олӣ ва марказҳои бузурги илмӣ-таҳқиқотӣ дар кишвар ба вуҷуд омад, ки шароити моддӣ-техникиро баҳри рушди илм ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фароҳам овард.

 

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми конунбарори кишвар – Маҷлиси Олӣ қайд гардид, ки “…соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем. Дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд. Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ташаббусу таҷрибаи ин мактабҳоро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар васеъ татбиқ намояд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд…”

 

Барои ҷомеаи илмӣ соли 2021 соли фараҳбахш ба ҳисоб меравад, маҳз барои донишҷӯён, магистрантон, докторантон, муҳаққиқону олимони ҷавони риштаҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ озмуни “Илм – фуруғи маърифат” дар Паёми имсола эълон гардид. Ин иқдом боз имкон медиҳад, ки чеҳраҳои нодири навовар, ихтироъкор ва кашшоф ба майдони истеҳсолот ва фаъолияти илмӣ омада, заминасози ворид намудани технологияи пешрафта дар соҳаҳои гуногун мегарданд. Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри махсус аз 11 феврали соли 2021, №44 тасвиб гардида, Низомномаи он тасдиқ шуд.

 

Ҳавасмандӣ ва қадрдонии ҷавонон боиси шавқу рағбат пайдо кардани онҳо ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки ин озмунҳои илмӣ-маърифатӣ, ки тамоюли дақиқу риёзӣ доранд, барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар як пойдевори мустаҳками илмӣ ва инноватсиониро мегузорад. Ҷоиз ба зикр аст, ки ин иқдомҳо ҳадафмандонаю дурбинона рӯи кор омада, ҳам аз диди муосири Пешвои миллат ба давлатдорӣ ва ҳам аз кӯшиши ҳамқадамсозии кишвар бо ҷомеи иттилоотӣ-технологии ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин, иқдоми мазкур мантиқан ҷиҳати ҳарчи зудтар аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ шароит фароҳам меорад.

 

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз рӯзи эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) тамоми чораҳои заруриро андешида, Нақшаи чорабиниҳои миёнамуҳлати Академия барои солҳои 2020 – 2025 оид ба амалигардонии бистсолаи мазкур тасдиқ намуда, дар ин замина сохторҳои дахлдор муваззаф гардиданд. Дар Академия фаъолияти раёсати илм ва инноватсия, кафедраҳои табиатшиносӣ ва илмҳои риёзӣ, технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ ва таҳлили иқтисод ва омор ба татбиқи ин иқдомҳо равона шуда, фаъолияти бомаромро рӯи кор гирифтаанд.

 

Ҳамин буд, ки донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 12-13 марти соли 2021 дар даври ниҳоии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ  дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» хеле фаъолона иштирок намуданд.

 

Дар ин озмун аз Академияи идоракунии давлатӣ 4 нафар донишҷў иштирок намуда, 3 нафар сазовори ҷойҳои намоён ва 1 нафар барои иштироки фаъол қадрдонӣ гардиданд. Саъдуллоев Файзулло – донишҷўи курси сеюми ихтисоси идоракунии давлатии иқтисодиёт аз фанни «Математика» сазовори ҷойи якум гардида, Дипломи дараҷаи 1 ва «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» – ро соҳиб шуд. Арбобзода Малика – донишҷўи курси якуми ихтисоси  идоракунии ҳайати кадрӣ аз фанни «Физика» сазовори ҷойи дуюм шуда, Дипломи дараҷаи 2-юмро сазовор гардид. Мираҳмедӣ Фатҳиддин – донишҷўи курси дуюми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ аз фанни «Биология» сазовори ҷойи сеюм шуда, бо дипломи дараҷаи 3-юм қадрдонӣ гардид. Тешаев Муҳаммад – донишҷўи курси якуми ихтисоси идоракунии давлатӣ аз фанни «Технологияи иттилоотӣ» барои иштироки фаъолона соҳиби Ифтихорнома  гардид.

 

Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони Олимпиада имтиёзи дохил шудан ба зинаи магистратура аз рӯи фанҳои ғолибгардидаро пешниҳод намуданд.

 

 

Комилбек Амид Ёрбек,

ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Похожие записи