НАҚШИ ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

50877367992_cefaf67826_o (1)

Воқеан, паёмҳои Пешвои миллат дар баробари рушди тамоми самтҳои фаъолияти инсонии Тоҷикистони маҳбуб омили муҳимми  такомули забони мо низ гардидаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро “шево ва шоирона” гуфта, муҳаббат ба забонро ба “мисли Модар ва Ватан” дониста, ҳифзи онро “ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон” зарур шуморидааст.

 

Ягон Паёме нест, ки Пешвои миллат дар бораи забон ва мақоми он, арҷ ва эҳтироми забони ноби тоҷикӣ сухан накарда бошад. Ин мароми Пешвои миллат имрӯз дар ҷомеа ба сифати сиёсати давлатӣ шинохта шудааст. Муҳаббати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ба забон то ба ҷоест, ки онро дар Паёми соли 2019 «ойинае» маънидод кардааст, ки дар он «симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад».

Аз ҷониби Пешвои миллат «нишонаи ҳастии миллат» эътироф гардидани забони тоҷикӣ на танҳо онро ба радаи муқаддасоти кишвар ворид кардааст, балки мақоми расмии давлатиашро ба маротиб афзудааст.

Пешвои миллат дар Паёми соли 2018 гуфта буд, ки «муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд».

Дар Паёми соли 2014 Пешвои миллат «поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ»-ро яке аз вазифаҳои муҳимми олимони кишвар гуфта буд.

Пешвои миллат дар паёми соли 2010 «Эҳтироми забони модарӣ ва амиқ омӯхтани онро аз ҷумлаи равандҳое гуфта буд, ки таҳти назорати доимии Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд».

Дар соли 2021 низ Президенти маҳбуби мо забонро яке аз омилҳои муҳимми худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳастии миллат, тафаккури миллӣ ва дар ниҳояти кор, ҳувияти миллӣ донистааст.

Дарвоқеъ, аз таҳлили панҷ Паёми Пешвои миллат, ки дар боло зикрашон рафт, боризан ба чашм мехӯрад, ки таваҷҷуҳи давлатии мустақим ва пайваста нисбат ба забони давлатӣ ва густариши он дар кишвари мо вуҷуд дошта, ин диққати махсус ба забони тоҷикӣ омили рушди он дар кишвар ва ҳатто берун аз он гардидааст.

Дар маҷмӯъ, ҷавҳари сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамонро дар самти сиёсати давлатӣ оид ба забон, забони давлатӣ ҳамчун омили муҳимтарини ҳастии давлат ва миллат, дар ин замина, ташаккули забони давлатӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омӯзиши забони адабӣ ва ҷараёни мукаммалу муназзами риояи қоидаҳои он ба сифати арзиши олии давлатӣ дар истифодаи умум ташкил додааст.

Ба муқаддасоти давлатӣ ворид намудани муҳимтарин рукни миллӣ – забони давлатӣ, ки бори нахуст дар таърихи давлатдории мо забони тоҷикӣ аз муқаддасоти давлат дониста шуд, нишони намоёни аҳамияти давлатӣ нисбат ба забон аст.

Дар марҳалаи сифатан нави давлатдории мо, тоҷикон, таълиф ёфтани  асари гаронбаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Доҳии муаззами тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Забони миллат-ҳастии миллат” аз як ҷиҳат барои муаррифии забони мо-нишони ҳастии мо хизмати бузургро ба анҷом расонида бошад, аз ҷониби дигар арҷгузорӣ ба забони миллат, ҳалли як қатор масъалаҳои баҳсталаби забоншиносии тоҷик ва бозгӯи қудрату манзалат, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ аз гузашта то ба имрӯз аст. Пешвои миллат гуфтааст, ки: “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”.

Аз ин рӯ, бояд донист, ки имрӯз хизмате, ки асари “Забони миллат-ҳастии миллат”-и Пешвои миллат дар густариши забони тоҷикӣ кардааст ва хоҳад кард на камтар аз нақши “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти ҳувияти миллии мост. Зеро  асари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар як марҳилаи муайяни таърихӣ барои шинохти миллати тоҷик нақши бузургро бозида бошад, имрӯз асари “Забони миллат-ҳастии миллат”-и Пешвои миллат ба бисёр нукоти баҳсталаби марбут ба забони тоҷикӣ нукта гузошта, бо далелҳои муътамад масъалаҳои забоншиносии тоҷик илман исбот карда шуда, баъзе ҳадсҳои забоншиносон ва шарқшиносони хориҷӣ, аз ҷумла тахмини В.В.Бартолд “дар бораи дар даврони исломӣ аз шакли пешинаи “тачик” пайдо шудани шаклҳои баъдии “тозӣ” ва “тозик” рад карда шудаанд. Дар ҳамаи мароҳили таърихӣ шоҳону амирон ва роҳбарони давлат барои густариши забон ва фарҳанг нақши калидӣ бозидаанд ва дар оянда низ ин гуна мавқеъро ишѓол хоҳанд кард. Аз ин рӯ, Пешвои миллат “забонро дар паноҳи давлат ва давлатро дар паноҳи забон” гуфтааст. Агар ба тӯли таърих назар андӯзем, дар гузашта шоҳону амироне ба чашм мерасанд, ки забонро дар паноҳи давлат гирифтаанд, аммо дар таърихи давлатдории мо аз гузашта то имрӯз ягона сарвари давлате, ки дар бораи ваҷҳи тамсияи (генезис ва эволютсияи) забони давлатӣ асари гаронбаҳо ва ҷовидона навишт.

Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони истиқлолият беш аз ҳар замони таърихии худ, ҳатто бештар аз давраи давлатдории Сомониён низ рушду нумӯъ дорад.

Хулоса, бо назардошти матолиби фавқуззикр мақоми  паёмҳои Пешвои миллат дар эҳё, густариш ва ҳифзи асолати забони форсии тоҷикӣ ниҳоят бузург буда, дар муқоиса бодавлатдорони пешин ягон роҳбар ба ин андоза ба забон диққат надода ва ба ин вазъу шукӯҳ мақоми забонро чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он боло набурдааст.

 

Шариф ШАРИФОВ,

 устоди Академия,

Назирахон ҚУРБОНОВА,

МТМУ №2, Кӯҳистони Мастчоҳ

Аксҳо

Похожие записи