НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Мирзораҳимов М

Бар асари таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллӣ шурӯъ намуд. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург аст. Мутаассифона, Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои Истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Танҳо бо кӯшиш ва талоши халқи тоҷик ин мушкилиҳо бартараф ва роҳ ба сӯи фардои дурахшон боз гардид.

 

Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 дар асоси Қатъномаи №46224, ки дар иҷлосияи 46-уми Ассамблеяи генералии СММ қабул шуд, ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) пазируфта шуд. Бо гузашти як сол, баъди ба сифати узви чунин созмони бонуфуз эътироф шудани ҷумҳурӣ, 29 сентябри соли 1993 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро дар Маҷмааи умумии СММ ҳамчун давлати мустақил, ҷузъи комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Президенти Тоҷикистон дар суханронии аввалин таваҷҷуҳи аҳли башарро бештар ба мусоидат намудан ба барқарорсозии сулҳу субот дар Тоҷикистон, ба созиш овардани тарафҳои даргири муноқишаҳои мусаллаҳона, барқарорсозии иқтисодиёти харобгаштаи кишвар ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ҷалб карда буданд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баъд аз пойдор намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон дар баромадҳои минбаъда на фақат проблемаҳои дохилидавлатии Тоҷикистон, балки проблемаҳои глобалии барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳимро масъалагузорӣ мекарданд. Хусусан, қазияи бисёрсолаи Афғонистон, ки манбаи асосии хатари паҳншавии терроризму экстремизм ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ба аксарияти давлатҳои ҷаҳон аст, масъалаҳои доимии суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон буданд.

 

Натиҷаи чунин масъалагузориҳои асосноки Президенти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонидошта, аз ҷумла оид ба проблемаи таъмини дастрасии мардуми сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ ва шароити санитарӣ буд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд”.

 

Дар соли 1993 ба ғайр аз СММ ёздаҳ созмони байналмилалӣ, амсоли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, аз соли 1994 то соли 1996 дувоздаҳ созмони байналмилалии дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба фаъолият шурӯъ карданд.

 

Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагиҳои 30 созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, нуҳ намояндагии агентиҳо, дигар сохторҳои СММ фаъолият мекунанд. Дар кишвар намояндагии 46 ташкилоти байналмилалии ғайриҳукуматӣ ба қайд гирифта шуда, якҷо бо ташкилотҳои байнидавлатӣ (байниҳукуматӣ) барои ташаккул ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ саҳм мегузоранд.

 

Имрӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи тақрибан 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба манфиатҳои миллӣ ва самти сиёсати хориҷӣ намояндагиҳои дипломатии худро дар 28 давлати хориҷа, инчунин намояндагиҳои доимии худро дар назди СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Аврупо кушодааст.

 

Ҳамин тариқ, гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона шахсияте мебошанд, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон баъд аз эҳё намудани давлати бузурги тоҷикон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар мувофиқасозии санадҳои байналмилалие, ки сарчашмаи ҳамкориҳои Тоҷикистон гаштаанд, саҳми беандоза гузоштанд ва дар таҳким ва рушди чунин ҳамкориҳо ҷаҳду талош менамоянд.

 

Боиси фараҳмандиву қаноатмандист, ки давлату Ҳукумати кишварамон ин ҷиҳати ҳассосро ба хубӣ дарк кардааст. Алалхусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як раҳнамои миллат бо қадрдонии фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузоштааст. Пешвои миллатамон тавонист, ки мо – тоҷиконро чун соҳиби фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад. Дар аввалин рӯзҳои вазифаи пурмасъулияти роҳбарии давлатро ба дӯш гирифтан, ки Тоҷикистон дар ҳолати нобудӣ қарор дошт ва миллат парокандаву сарсон буд, ба ҳамватанони дар ғурбат қарордошта аз минбари баланди ВАО иброз дошта буд: “… Ба ватан биёед. Шуморо хонаву даратон интизор аст. Ба иғво дода нашавед. Ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунам. Танҳо инро мегӯям, ки агар як пора нон ҳам дошта бошем, онро бо ҳам мебинем”. Мантиқи ин даъвати кӯтоҳ дар худ фарҳанги бузургеро нигоҳ медошт. Ин оҳанг аз фарҳанги инсондӯстонаи чандинсолаи машриқзамин бармеояд, ки саршори ҳикматҳои бузург аст. Ин садо аз омили пурғановати фарҳанг танин дошт ва ин ҷумларо он рӯзҳо фарде гуфта метавонист, ки дар замири ӯ оташи фарҳангу маънавиёти баланд ниҳон буд. Аввалин даъват дар аввалин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати фарҳангӣ дошт.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат кори давлатдории худро бо фарҳанг оғоз кард. Далели ин гуфта авзои иҷтимоиву иқтисодии соли 1999 мебошад, ки дар он солҳо кишвари акнун аз оташи низоу нооромиҳо раҳошудаамон дар роҳи бунёду барқарорсозиҳо қадамҳои нахустин мегузошт. Бо вуҷуди ҳама мушкилот дар маркази пойтахти ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён мужда дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва талошҳо дар роҳи маҳви он як хаёлу ҳадафи ботил аст. Эмомалӣ Раҳмон нахуст гӯё пайкари ин миллатро тавассути як навъи фарҳанг барқарор кард, ки тӯли садсолаҳо дар миёни тирагиҳову ғубор қарор дошт. Ин худ як падидаи бузурги фарҳангӣ буд, ки халқи тоҷик дар оғози ҳазорсолаи нав чун як фоли нек – Исмоили Сомонии худро пайдо кард. Аз ҷониби Сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллат буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад. Маҳз ӯ буд, ки имрӯз тоҷик сарҷамъ аст ва нагузошт, ки “табартақсим”-и дигаре мулки аҷдодии моро пора созад. Фарҳанги сулҳофарии ӯ ибратомӯз ва ҳамзамон мояи ҳасади тангбинон аст. Пешвои миллат сипари фарҳангиеро сохт, ки кафолати бақои миллату халқи тоҷик аст. Ин фарҳанги сулҳофарии ӯ мӯҷиби ҳайрати ҷаҳониён аст ва ин сифат буд, ки имрӯз не, имсол не, балки 20 сол қабл ӯ чун пешвои аслии миллати тоҷик шинохта шуда буд. Имрӯз баъзан мешунавем, ки мегӯянд бо пешниҳоди фалону фалон ба ӯ унвони Пешвои миллат дода шуд. Ин андешаву гумон саҳеҳ нест. Касе бояд имрӯз бо ин андеша миннат нагузорад, балки Эмомалӣ Раҳмонро фарҳанги сулҳу ваҳдатофаринияш пешво кард. Фарҳангҳои аздастрафтаро эҳё бахшиданаш ӯро раҳнамои миллат сохт. Ин ҳам падидаи фарҳангист, ки ӯро акнун Пешво меномем. Зеро ин падида боз як омили муттаҳид шудани тоҷикон дар атрофи ӯ мебошад.

 

Муродалӣ МИРЗОРАҲИМОВ,

мудири кафедраи илмҳои табиатшиносӣ

ва риёзии Академия

 

Похожие записи