НАҚШИ СММ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ АМНИЯТИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

756546885910870

Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташкилоти байналхалқӣ фаъолияти худро баҳри муътадилии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъмини сулҳу амният дар он ба роҳ мондааст.

 

Дар замони муосир баъзе омилҳои хатарноке вуҷуд доранд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ваҷд овардаанд. Ба зумраи ин омилҳо мо метавонем проблемаҳои глобалии ҷаҳон, аз қабили болоравии терроризму экстремизм, ҷиноятҳои трансмилӣ, амнияти аҳолии кураи Замин, афзоиши таъсирҳои давлатҳои абарқудрат ба давлатҳои хурду вобаста ва дигар проблемаҳои глобалиро дохил намоем. Ин гуна таъсироту омилҳо қодиранд ба оромии ҷомеаи байналхалқӣ халал расонда, устувории тартиботро дар он аз байн баранд.

Дар қатори ин мушкилиҳо мавқеи марказиро нигоҳдории сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ишғол мекунад. Чи тавре таърих гувоҳ аст, дар нимаи дуюми асри ХХ ба вуҷуд омадани мусаллаҳшавӣ ва яроқҳои ҳастаӣ, ки ба сар задани даҳҳо қатли ом сабаб шуданд, ҷаҳонро ба ташвиш овард. Дар самти мубориза бар зидди ин мушкилиҳо ташкилоту иттиҳодияиҳои байналхалқӣ таъсис ёфта, санадҳо оид ба манъи истеҳсол ва истифодаи яроқҳои қатли омро таҳия ва қабул карданд. Аз ҷумла мумайзон (экспертон)-и СММ бо кишварҳое, ки дорои технологияҳои истеҳсоли яроқи ҳастаӣ мебошанд, давра ба давра тафтишот гузаронда, назорат ва тарзи истифодаи ин яроқро ислоҳ намуданд. Инчунин, ҳолатҳое вуҷуд доштанд, ки бе истифода аз яроқи ҳастаӣ одамони зиёд ба ҷангу низоъҳои байналмилаливу минтақавӣ кашида мешуданд, ки оқибатҳои хеле зарароварро баҳри ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меовард. Низоъҳои Судон, Руанда ва Сомалиро мо мисол оварда метавонем.

Таъсиси Суди байналхалқии СММ, ба таҳкими сулҳу амнияти байналхалқӣ таъсири бевоситаи худро гузошт. Ин сохтор дар ҷазодиҳӣ барои ҷиноятҳои махсусан вазнини байналхалқӣ, ба монанди геносид, ҷиноятҳо бар зидди инсоният ва ҷиноятҳои ҳарбӣ нақши басо муҳим дорад. Ин ҳама имконият медиҳад, ки ҷинояткорони байналхалқие, ки пештар аз нуфузи байналхалқӣ истифода бурда беҷазо мемонданд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ҳамзамон СММ барои ноил шудан ба таҳкими сулҳу амнияти байналхалқӣ, аз пешгирии низоъҳои байналхалқӣ, оштӣ гардондани тарафҳои ба ҳам душману даргир, гузронидани фаъолияти сулҳҷуёна ва фароҳам овардани шароит баҳри барқарор кардани сулҳ истифода мебарад.

Масъулияти асосиро дар ин самт Шӯрои амнияти СММ ба зимма гирифтааст. Ин шӯро дар муайян кардани амлиётҳои таҷовузкоронае, ки ба сулҳу амнияти байналхалқӣ таҳдид мекунад, нақши асосиро мебозад. Шӯрои амният тарафҳои даргирро барои ба таври маслиҳатомез ва бо шарту усулҳои мусоид ҳал кардани баҳс даъват менамояд ва тавсияҳо медиҳад. Инчунин Шӯрои амният метавонад нисбат ба ҳолатҳое, ки ба сулҳу амнияти байналхалқӣ таҳдид мекунанд, чораҳои маҷбурӣ андешад. Ин чораҳо метавонад аз санксияҳои иқтисодӣ оғоз ёфта то ба амалиётҳои ҳарбии байналхалқӣ рафта расад.

Террорзму экстремизм ҳамчун вабои аср метавонад сулҳу амният ва оромии ҷомеаи ҷаҳониро аз байн барад. Худи калимаи терроризм маънои “тарс” ва “даҳшат”- ро дорад. Мақсади он тарсонидани одамон, ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ ва вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ мебошад. Ин омил махсусан дар асри ХХI густариш ёфтааст. Гуруҳҳо террористӣ (“Толибон”, “Ал-қоида”, “Ҳизб-ут-таҳрир”) бо истифода аз дини “Ислом” ва шиорҳо ба монанди “Ҷиҳод”, “Озодӣ” бештар дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Афғонистон, ки ҳамчун кишварҳои исломӣ ба ҳисоб мераванд, зуҳур карда, ба тамоми ҷаҳон таъсири худро мегузоранд. Гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла дар солҳои 2014-2015 ба кишварҳои Осиё, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири худро расонид. Бисёре аз ҷавонони Тоҷикистон ба доми ин гуруҳҳо афтида, ба онҳо ҳамроҳ шуданд.

Ин амали номатлуб метавонад, ба нест кардани халқу миллат оварда расонад. Тамоми кишварҳои дунё мунтазам бар зидди он мубориза мебаранд, то онро аз тамоми кишварҳои ҷаҳон нобуд созанд.

Нақши СММ дар самти мубориза бар зидди терроризм аз ду вазифа иборат аст: якум, таъмини сулҳу амният ва дувум, ҳифзи ҳуқуқи инсон. СММ бояд ба иҷрои вазифаҳои давлатҳо оид ба таъмини амнияти шаҳрвандонашон аз амалҳои террористӣ мусоидат намояд. Инчунин, иҷлосияҳои Ассамблеяи Генералии СММ аз Шӯрои амният ва Кумитаҳои зиддитеррористии он даъват ба амал меоваранд, то ки ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҳуқуқи башарро дар асоси принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ба роҳ монанд.

СММ ҳамчун ташкилоти байналхалқӣ ҳамкориҳои худро бо кишварҳои аъзо дар самти таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ, мубориза бо терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пурзӯр менамояд.

Бадриддин ҲАФИЗОВ,

донишҷӯйи факултети дипломатия ва сиёсати Академия

Похожие записи