НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ СИЁСӢ

Ҳасан АКарам

Дар раванди шаклгирӣ, ташаккулёбӣ ва камолоти ҳар миллату давлат, ҳодисаҳои муайяне рӯх медиҳанд, ки барои пойдорӣ ва бақои давлатдории миллӣ мусоидат менамоянд. Яке аз чунин омилҳои тақдирсози миллӣ, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ мебошад, ки баландтарин мақомро дар раванди давлатсозии миллӣ соҳиб мебошад.

 

Барои мо, тоҷикон ва тоҷикистониён бузургтарин дастовард истиқлолияти сиёсӣ, мебошад, ки дар охири асри ХХ насибамон гардид. Маҳз истиқлолияти сиёсии мо, ки дар тули таърих бори аввал бо номи миллат ба он соҳиб шудем, тавонист дар шуури шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан ҷавонон, идеологияи миллиро тақвият бахшида, шароити мусоидро барои дарки шинохти тамомияти арзӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу инсонӣ рушд диҳад.

 

Таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки озодӣ ва истиқлолият ба осонӣ ба даст намеоянд. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи начандон дур барои дастёбӣ ба истиқлолият даҳсолаҳо талош намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва асили худро аз даст додаанд.
Вобаста ба масъалаи мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, ки: “Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд”.

 

Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Мутаассифона ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ дар сатҳи зарурӣ мавриди қадршиносӣ қарор нагирифт. Талошҳои сиёсии як зумра ашхоси мансабталаб, дахолату ғаразҳои сиёсии неруҳои дохиливу хориҷӣ боиси майдоншиниҳои тӯлонии ғайриқонунии мардум гардид.

 

Шиддати муқовиматҳои сиёсӣ торафт буҳрони сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангиро тезонида, боиси фалаҷ гардидани мақомоти ҳокимияти давлатӣ гардида, заминаи пайдоиши гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ба дасти мардум афтодани силоҳи ғайриқонунии оташфишон гардид. Ин падидаҳои номатлуб ва барои миллати тоҷик бегона кишвари тозаистиқлоли моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида, боиси ҳисороти зиёди моливу ҷонӣ гардид. Гурӯҳҳо ва неруҳои сиёсии зикргардида дарк карда натавонистанд, ки ҳадафу арзишҳои истиқлолият бояд бартару волотар аз ғаразу манфиатҳои сиёсӣ ва шахсӣ қарор дошта, арзиши ин неъмати бебаҳо муқаддас ҳисобида шавад.

 

Идомаи муқовиматҳои сиёсӣ метавонист хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷикро ба воқеият табдил диҳад. Хушбахтона, дар чунин лаҳзаи ҳассосу тақдирсоз Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардида, асоси давлатдории навинро гузошт, ки идораи он ба души фарзанди фарзонаи миллат, роҳбари дурандешу сарсупурдаи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.

Ба арсаи сиёсат ворид гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон иттифоқ афтод, ки дар ин раванди ниҳоят мураккаб тавонист бори масъулияти пуштибонии истиқлолият, таъмини сулҳу субот, амният ва оромии кишварро бар уҳдаи хеш гирад.

 

Ин шахсияти қавиирода, ки дар марҳилаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти сарварии кишварро ҷасурона ба даст гирифт, бо талошу иродаи бемисли худ боиси наҷоти киштии шикастаи давлатдории тоҷикон шуд ва дар натиҷа Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлат наҷот ёфт, балки ба як силсила дастоварди бунёдие, ки барои сарнавишти давлату миллати мо аҳамияти бисёр муҳим доранд, соҳиб гардид.

 

Кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат, умедворию заковати мардуми бо нанги соҳибтамаддунамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27 – уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

 

Барқарор гардидани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, истиқлолияти давлатиро бозҳам устувор гардонид ва нури умед ба ояндаи нек дар дили мардум роҳ ёфта, барои гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоидро фароҳам овард.

 

Имрӯз мақому манзалати Тоҷикистон дар сиёсати минтақавию байналмилалӣ хело боло рафта, дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ саҳми худро гузошта, ҳамзамон ташаббускор барои рафъи хатароти имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ баромад менамояд.

 

Албатта, дар рӯзгору ҷомеаи мо мушкилоти ҳалталаб вуҷуд доранд, аммо муҳим он аст, ки мо аз мушкилоти пешомада дар ҳарос набошем, корҳои ободониву созандагиро дилпурона идома бахшем, барои пешрафту шукуфои ватани азизамон содиқона хизмат намоему истиқлолият ва дастовардҳои онро таҳким бахшида, ҳифз намоем. Бо назардошти ин, аз ҳар фарди бо нангу номус ва ватандӯсту ватанпараст тақозо мегардад, ки бо иқдому ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи худ ҳар чи бештар заҳмат кашида, бо эҳсоси масъулият ва ифтихор аз давлату давлатдории милати куҳанбунёдамон ва бо истифода аз тамоми имконияту сатҳи дониш ва маҳорату малакаи худ пешрафту ободии Тоҷикистонро ба таври арзанда таъмин намоем.

 

 

Ҳасан ҚУВАТЗОДА

сардори шуъбаи автоматикунонии низоми

таълим ва тестии Академия

Похожие записи