НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР  ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

IMG_4663

Истиқлоли давлат муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Истиқлоли давлатӣ мояи ифтихору саодати мо буда, сароғози эҳёи тозаи кишвар аст. Он дар замири ҳар як ҷавон эҳтиром ба фарҳанг ва хоки поки аҷдодиро, ки амонат дар дасти мо ворисон аст, зиёд намуд.

 

Мо, ҷавонон бояд хуб дарк кунем, ки истиқлол ҳамчун рукни бунёдии озодӣ, ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллии мо боқӣ хоҳад монд. Моро лозим меояд, ки  нагузорем душманони миллат барои аз байн бурдани истиқлоли мо талош созанд. Мо, ҷавонон зарур аст, ки намегузорем, то душманони миллат ба истиқлоли мо халал ворид созанд.

 

Бояд гуфт Истиқлоли давлатӣ барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатӣ ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд, ки татбиқи босамари пешрафти давлат ҷавонон мебошанд.

 

Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлол – ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ вазифаи муҳимтарин ва рисолати ҷонии ҳар як ҷавони худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст. Расидан ба қадри истиқлол ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмӯъ моро ба сӯи хушбахтиҳои бепоёне мебарад.

 

Истиқлол ва зарурати таҳкими дастовардҳои он мо, ҷавононро водор месозад, ки хотираи таърихии худро эҳё намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллиро ба таври дақиқ омӯхта, давлати худро рушд диҳем ва миллатамонро ба зиндагии шоистаю арзанда расонем. Таърихи пурифтихори миллати сарбаландамон нишони он аст, ки андешаи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ ва орзуву ормони озодандешӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он дар тӯли садсолаҳо зинда буд ва маҳз ҳамин андеша моро имрӯз ба ин шоистагию комгорӣ расонид.

 

Ҳеҷ як фарди ҷомеа, махсусан мо, ҷавонон ҳуқуқи маънавии бемасъулиятӣ ва фориғболӣ дар роҳи пойдорию абадияти ин давлати миллӣ надорем. Дарки моҳияти истиқлол ва қадру манзалати давлатдории миллӣ, ки омилҳои муҳимми ҳастии миллат ва бақои давлатдорӣ мебошад, барои мо, ҷавонон рисолати зиндагӣ мебошад.

 

Беҳрӯз БОРОНОВ,

муовини декан оид ба корҳои

тарбиявии факултети дипломатия

ва сиёсати Акадедия

Похожие записи