ОБ – МАНБАИ ҲАЁТ

666-об

Об сарчашмаи ҳаёт ба шумор меравад ва тамоми мавҷудоти зиндаи кураи замин бидуни об зиндагӣ карда наметавонанд. Мавҷудияти неъмати мазкур аз ҷумлаи муъҷизаҳои ба шумор мераванд, ки нотакрор ҳастанд. Об натанҳо манбаи зиндагӣ ва мавҷудияти инсонҳову ҳайвоноти хокӣ, балки сарчашма, манзил ва маъвои ҳайвоноти гуногуни шинокунандаи баҳрӣ мебошад.

 

Давоми солҳои охир инсоният дар муносибат бо захираҳои обӣ ва иқтидори обӣ нодуруст рафтор менамояд. Истифодаи ғайримақсадноки захираҳои обӣ, дар ҳоле, ки зиёда аз ду миллион нафар дар қисматҳои гуногуни сайёра бо мушкилоти норасоии оби тозаи нӯшокӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, аз зумраи бузургтарин хатогиҳои инсоният давоми қарни охир ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сар аз соли 1999 аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ҷалб намуда, талош менамояд, ки дар ҳалли ин мушкилот дар саросари сайёра пешсафиро соҳиб гардад. Давоми зиёда аз 20 соли охир панҷ пешниҳоди байналмилалии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шудааст, ки ба ҳалли масъалаҳои мазкур вобаста мебошад:

  1. Соли 2003 – “Соли оби тоза”;
  2. Солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии амал “Об манбаи ҳаёт”;
  3. Соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”;
  4. Солҳои 2018-2028 даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”;
  5. Соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”.

Масъалаи дигар ва бисёр муҳиме, ки давоми чанд соли охир Тоҷикистон мехоҳад дар ҳалли он ташаббус нишон диҳад, масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз обшавӣ ба шумор меравад.

Сабаби камшавии пиряхҳо тағйир ёфтани иқлим мебошад ва барои ҳифз намудани боқимондаи онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Конфронси дуюми оби Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи марти соли ҷорӣ роҳу усулҳои илман асоснокро ягона роҳи пешгирии обшавии пиряхҳо номиданд.

Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз моликони асосии захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 60%-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки дар ҳудуди минтақа бо мақсадҳои гуногун истифода бурда мешавад. Манбаи обҳои ошомидании аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гиранда, пиряхҳо ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2018 14000 пирях ба қайд гирифта шуда буд. Аммо мутаассифона давоми солҳо аз ин шумора зиёда аз 1000 пирях қисмар ё пурра нобуд гардидааст, ки ин ҳам ба муҳити атроф ва ҳам ба олами набототу ҳайвоноти минтақа таъсири манфӣ мерасонад.

Дар чунин шароити бениҳоят душвор Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро зарур аст, ки барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва пешгирии нобудшавии захираҳои обӣ талоши муттаҳидона намоянд ва аз имконоти мавҷуда самаранок истифода намоянд.

КАБУТОВ М.А.,

магистранти Академия

Похожие записи