ОМӮЗГОР – МАШЪАЛИ ФУРӮЗОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

IMG_3630

Табрикоти ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгор

 

Устодон ва омӯзгорони гиромӣ!

 

Хушбахтона, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои моддию маънавии давлатдориамон рушду такомул ёфта, ба гиромидошти шахсиятҳои сарнавиштсози миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳамасола дар сатҳи шоиста таҷлил гардидани Рӯзи омӯзгор ифодагари сиёсати маънавибунёди Сарвари давлат ва нишони садоқату арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони зиндагии пурсаодат ба ҳисоб меравад.

 

Воқеан, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои инсоният дар зиндагӣ, рушду инкишоф ёфтани тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим дар ҷаҳон ва муҳимтар аз ҳама барои равонаи роҳи рост гардидану соҳиби зиндагии арзанда шудани ҳар як инсон омӯзгор нақши калидӣ дошту дорад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти омӯзгорон чун иршодгар ва машъалафрӯзони роҳи фардои миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, меҳнату заҳмати онҳоро ҳамеша қадрдонӣ менамоянд. Аз ҷумла Пешвои муаззами миллат дар яке суханрониҳои хеш иброз  доштанд, ки: “Маҳз муаллим барои инсон роҳи донишу маърифатро мекушояд ва ба ҷаҳони ботинии шогирдон тухми ақлу хирад мепошад. Бар асари заҳмати устодон боғи маърифат ва ҷаҳони маънавии наврасону ҷавонон бор оварда, ҷомеа боз ҳам рушду камол меёбад”.

 

Дарвоқеъ, барои асолату наҷобат ва бузургию азамати пешаи омӯзгорӣ ҳарчанд гӯем, боз ҳам кам аст. Чун пешаи омӯзгорӣ, кору пайкори ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ, худафрӯзӣ ва сӯхтану сохтанҳои ӯ, заҳматҳои пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисон ва маърифатноксозии мардум сазовори ҳама гуна сипосу арҷгузорӣ ва эҳтиром мебошад. Бешакку тардид маҳз бо заҳмату талошҳо ва азхудгузариҳои омӯзгор мо соҳиби илму дониш ва ақлу идрок мегардем. Ба маънии дигар омӯзгор машъали фурӯзонест, ки тинати мардумро нур мебахшад.

 

Донишмандону гузаштагон ва ниёгони шуҳратманди мо ҳамеша ба касби пуршарафи омӯзгорӣ арҷ гузошта, дар васфи муаллим – иршодгари роҳи дурусти зиндагӣ, сухану ҳарфҳои баландмазмун гуфтаанд. Маҳз қадру манзалат ва пешаи пурифтихор будани омӯзгориро ба назар гирифта, Камолиддин Биноӣ муаллимро аз падар пеш гузошта, Шайх Саъдии хирадманд ҷабри устодро беҳ зи меҳри падар гуфтааст.

 

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумат ва давлат зина ба зина мақому манзалат ва нақши омӯзгоронро боло бурда, баҳри беҳтар намудани фаъолияти кории онҳо заминаҳои моддию техникӣ фароҳам сохтааст. Дар ин давра дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Дар муассисаҳои таълимӣ бошад, шароити хубу самарабахшро муҳайё намуда, баҳри пешбурди босифати таълиму тарбия барномаҳои ҷадиди соҳавиро қабулу дар амал татбиқ намуданд. Ҳамчунин дар ин замина пайваста боло бурдани музди маош ва ҳавасмандгардонии омӯзгорон паҳлуи дигари таваҷҷуҳи Ҳукумату давлат ба онҳо мебошад.

 

Омӯзгорон аз зумраи шахсоне ҳастанд, ки чашмаҳои илму ирфонро ҷорӣ дошта, дар байни ҷомеа донаи маърифат мекоранду рисолати пуршарафи хешро ба тарбияи насли созандаю неруи тавонои ватандӯсту ватанпарвар равона менамоянд. Омӯзгор ҳамеша машъали фурўзони илму маърифатро боло афрохта, шогирдонро дар ҷодаҳои некиву ростӣ ва бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамояд. Сазовори эҳтироми самимӣ ва ифтихору сарбаландии ҷомеа гардидани омўзгор ин самараи заҳмати рўзафзун, ҳисси баланди масъулият дар назди ҷомеа ва ниҳоят шарафи баланди инсонии ўст.

 

Бо итминони комил метавон гуфт, ки устодону омӯзгорони мо чун роҳнамои фардои ҷомеа дар баробари дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумату давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълими наслҳои ояндасоз саҳми бориз гузошта, онҳоро дар роҳи созандагию бунёдкорӣ, нигоҳдорандаи сулҳу ваҳдат, худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия намуда, баҳри донишҳои замонавӣ муҷаҳҳаз намудани онҳо тамоми саъю талошашонро равона месозанд.

 

Аз номи роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону омӯзгорон ва собиқадорони соҳаро бо Рӯзи иди касбиашон сидқан ва самимона табрику муборакбод гуфта, баҳрашон дар ин рӯзу ҳама рӯз тани сиҳат, хуррамию осоиштагии рўзгор, иқболи баланд ва ривоҷи корҳои таълимию эҷодиро таманно менамоям.

 

Ид муборак, устодону омӯзгорони азизу гиромӣ ва заҳматпеша!

Похожие записи