ОҒОЗИ ИМТИҲОНҲОИ ҚАБУЛ БА ЗИНАИ МАГИСТРАТУРАИ “МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН” ВА ТАҲСИЛОТИ ЯКСОЛАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

Аз 27 то 29 октябри соли 2021 имтиҳони қабул ба зинаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва таҳсилоти яксолаи Академия аз ҳисоби хизматчиёни давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру навоҳии вилоят дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

 

Дар рафти имтиҳонҳои қабул Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Академия Исматов Сомон Сулаймонович, ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидорӣ Абдуалимзода Исмоил Иброҳим ва дигар намояндагони Академия иштирок намуданд.

 

Бояд гуфт қабули довталабон барои соли таҳсили 2021-2022 барои хизматчиёни давлатӣ ба зинаи магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” аз рӯйи ихтисосҳои 1-26010101 — идораи мақомоти маҳаллӣ, 1-260101 — идораи давлатӣ, 1-23010101 — сиёсати берунӣ ва дипломатия ва 1-2301060301 — менеҷменти сиёсӣ ба роҳ монда шуд.

 

Ба магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва зинаи таҳсилоти яксолаи хизматчиёни давлатӣ дар маҷмуъ 55 нафар довталаб ҳуҷҷат супорида, тариқи иншо, тест ва суҳбат малакаи касбии онҳо баҳогузорӣ карда шуд.

 

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳадаф аз ташкили магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” омӯзиши мактаби идоракунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар рушди соҳаҳои стратегии низоми иҷтимоии ҷомеа буда, диққати асосӣ ба корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ ва ҳалли масъалаҳои стратегии низоми иҷтимоӣ дода мешавад.

 

Ба магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” хизматчиёни давлатие, ки собиқаи кории на кам аз 2-сола дошта, донандаи забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) мебошанд, тариқи имтиҳон пазируфта мешаванд.

 

Магистрантон давоми як соли таҳсил дар магистратураи мазкур малакаи кории худро такмил дода, донишҳои касбиро тақвият мебахшанд ва соҳиби диплом мегарданд. Таҳсил дар магистратураи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар самти болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ мусоидат хоҳад кард.

Похожие записи