Паёми табрикотии Ректор ба муносибати Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ

IMG_3630

Паёми

табрикотии Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ба муносибати

Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ субъекти мустақил эътироф шуда, дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ фаъолияти байналмилалии худро ба роҳ мондааст. Тибқи қонунгузории кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян менамояд.

Бояд қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва сулҳҷўёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуфузу обрўи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, ҳамкорӣ бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ густариш меёбад.

Дар самти сиёсати хориҷии кишвар дар моддаи 11 Конститутсия омадааст: “Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад”.

Аз 28 сентябр то 2 октябри соли 1993 ҳайати расмии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк ИМА дар кори иҷлосияи 48-уми Маҷмааи умумии СММ иштирок ва бори аввал бо забони ноби тоҷики суханрони намуданд. Ба ифтихори ин рӯз  ҳамасола 29 сентябр дар мамлакат “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” ҷашн гирифта мешавад.

Дар зарфи се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ мақоми байналмилалии Тоҷикистон боло рафта, ташаббусҳои он аз ҷонмиби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардиданд.

Намунаи нодири ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи об мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли башар пешниҳод гардида, то соли 2028 ташаббуси 4-уми он яъне, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028»,  татбиқ мегардад.

Ташаббусҳо байналмилалии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза алайҳи терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин, таъмини сулҳу субот   дар Афғонистон аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, тадриҷан амалӣ гашта истодаанд.

Дар ин самт саҳми кормандони хизмати дипломатӣ, бахусус, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо назаррасу мондагор аст.

Дар охир тамоми хизматчиёни дипломатии тоҷикро, ки  муаррификунандагони давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд ба иди касбиашон – Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъул барору комёбиҳои беназиро орзу менамоям.