ПАЁМ — ДАСТУРЕ БАРОИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА

50877055517_4f04847be1_o

Ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон  вобаста ба самтҳои мухталифи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг, дар маҷмӯъ тамоми паҳлуҳои асосии фаъолияти давлат Паём ироа мегардад, ки яке аз самтҳои  Паёми ҳамасолаи Президенти кишвар ба масъалаи терроризм ва экстремизм равона карда мешавад.

 

Воқеан ҳам, ин падида дар ҷомеаи имрузаи ҷаҳонӣ ба вабои аср табдил ёфтааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири манфии ин зуҳурот эмин намондааст. Мо-ҷавононро мебояд барои пешгирии ин падидаи номатлуб дар баробари Пешвои сулҳпарварамон дар як саф рост истода, зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз имконоти фароҳамгардидаву дониши саҳеҳ, таҷрибаву малака ва  иродаи қавии меҳанпарваронаи хеш нагузорем, ки сулҳу субот ва фазои ороми Тоҷикистон халалдор гардад.

Чӣ гунае, ки таърих гувоҳ аст пас аз эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар арсаи ҷаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид, ки  вай ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид.

Ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳо вобаста аст, ки он волоияти қонунро таъмин намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими амнияти давлатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм равона гардидааст. Яке аз талаботҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат онро бояд риоя ва амалӣ намояд, ин тартиботи ҳуқуқӣ мебошад, зеро ки он боиси мустаҳкамии ҳокимияти давлатӣ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ мебошад.

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва экстремизм мебошад, ки ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст.  Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар ба масъалаи терроризму экстремизм якчанд нуқтаҳои назар баён карда буданд. Аз ҷумла Роҳбари давлат дар Паёми соли 2016 ба мақоми Олии қонунбарори мамлакат як нуқтаи муҳимро қайд намуда чунин ибрози ақида намуда буданд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Инчунин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2019 ба  Маҷлиси Олии кишвар ба масъалаи терроризм, аҳамияти махсус дода ин нуқтаи муҳимро қайд намуданд: “Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад”.

Паёми навбатии Президенти мамлакат, ки ба санаи  26 -уми  январи соли 2021 рост омад, барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст роҳнамои асосӣ ва дастуре барои зиндагии осоишта ба ҳисоб меравад.

Дар ин радиф, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи терроризму экстремизмро таҳлил намуда, вобаста ба паст намудани таъсири он ба кишвар, таъкид доштанд, ки “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем”.

Бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералӣ вазифадор карда шуд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»–ро таҳия намуда барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат  пешниҳод намояд.

Набояд фаромӯш сохт, ки имрӯзҳо  терроризм ва экстремизм аз ҷиддитарин таҳдидоти суботу амнияти ҷаҳонист. Барои муқобила бо падидаи гароиши ҷавонон ва аз ҷумла занон ба гурӯҳҳои ифротӣ бояд дар сатҳи миллӣ маҷмӯе аз тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ – динӣ андешида шавад.

Экстремизм дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки экстремизм асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили экстремизм бояд ҳама мубориза баранд. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Терроризм ва экстремизм бо амалҳову оқибатҳои даҳшатбор ва бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Бинобар ин зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ  барои таъмини боэътимоди сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона  карда шавад.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Бахтиёр АБДУҒАНИЗОДА,

ходими пешбари Маркази  омӯзиши

“Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”

 

 

Похожие записи