ПАЁМ РАҲНАМО ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРИИ МОСТ

50877057537_80106e5487_o

(Бардошти устодону кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ)

 

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба Маҷлиси Олии кишвар дар айёме баргузор гардид, ки мардуми сарбаланди тоҷик ба ҷашни муқаддаси миллии 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.

 

Падидаи нек аст, ки ирсоли Паёмро мардум бо умедҳои тоза мунтазир мешаванд ва замоне, ки Паёми Президенти мамлакат тариқи расонаҳои хабарӣ намоиш ва пахш карда мешавад, мардум руҳияи ватандӯстонаи бештарро дар хеш касб мекунанд.

 

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз то имрўз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи ин халқи соҳибтамаддун ва кишвари куҳанбунёд гардидаанд. Ҳар сол дар ҳар Паём тозагӣ ва ҳадафмандии қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба наву баландарзиш гузошта мешаванд, ки имрўз моро ба ин марҳилаи шукуфову ободонӣ расониданд.

 

Чун ҳамасола дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат ба самти маориф пешниҳоду супоришҳои мубрами маърифатиро иброз доштанд. Аз ҷумла, иброз доштанд, ки: “Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст”.

Дар идомаи суханронии худ Президенти мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълими хонандагон таъкид доштанд: “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем.” “…зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида шавад.”

Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрантҳо ва аспиранту докторантҳо аз ҷониби роҳбари давлат пешниҳод гардид, ки стипендияи онҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад, ки бешубҳа барои ҷавонони илмдӯст ҷодаҳои навро мекушояд.

 

Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин, зикр шуд, ки ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд ва Сарвари давлат иброз доштанд, ки мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем.

 

Бо боварӣ метавон зикр кард, ки ин ҳама иқдомоти Сарвари давлат хеле муҳиму муфид ва бамаврид буда, дар умум ба рушди беш аз пеши Ватани азизамон кумак мерасонад.

 

Дар маҷмӯъ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз буда, ба пешрафти ҳама соҳаҳо, аз ҷумла, илму маориф мусоидат менамояд.

 

Ҳайати устодон ва кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалисозии самтњои Паём нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, аз рӯи он амал хоҳанд кард.

 

Инчунин ҷашнҳои таърихии Ватан, аз ҷумла, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ, илмӣ, таълимӣ истиқбол менамояд.

Похожие записи