ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ МАОРИФИ МИЛЛӢ

IMG_7983

Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низомномаи мукаммали рушду нумуи яксолаи Тоҷикистон буда, дар он самтҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар таҳлил, баррасӣ ва арзёбӣ мегарданд.

 

Ҳамасола Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баромад мекунанд. Мақсад ва ҳадафҳои асосии Сарвари давлат баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат қарор гирифтани рушди соҳаи маориф ва афзалиятнок баршумурдани он, ки ба тавлиди тафаккури нави миллӣ, худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст ва босаводу бомаърифат шудани насли ҷавон нигаронида шудааст, яке аз самтҳои бунёдӣ ва усулии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Бунёди донишгоҳу донишкадаҳо, ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳу донишкадаҳои муътабари ҷаҳонӣ дар кишвар, муассисаҳои таълимии муосир гувоҳи барҷастаи он аст, ки Пешвои миллат ба рушди фикрӣ ва ташаккули зеҳнии насли ҷавону ояндасози Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Мисоли боризи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти рушди маориф таъсиси Муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки на танҳои падидаи даврони Истиқлоли давлатӣ, балки дастоварди таърихии мардуми кишвар дар тӯли таърих аст.

Бисёр рамзист, ки дар Академияи мазкур Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Пешвои миллат” фаъолият мекунад, зеро худи Академия маҳсули мактаби давлатдории Пешвои миллат аст.

Президенти кишвар аз рӯзҳои аввалини Роҳбари давлат ба маориф таваҷҷуҳи хос доштанд ва рушди ин соҳаро рушди ҷомеа ва давлат медонистанд. Чунончи, дар суханронии худ дар маҷлиси фаъолони ҷумҳурӣ 28 августи соли 1995 гуфта буданд: “Имрӯз бо соҳибистиқлол гардидани кишвари тоҷикон ва ба миён омадани ниёзи ҷиддӣ барои дарёфти роҳу мароми мустақили ҷумҳуриамон ба сӯйи ояндаи мутамаддин вақташ расидааст, ки мо низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифамонро дар заминаи ҳамон сарвати бебаҳои маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва равонии халқамон ва педагогикаи миллӣ бо дар назар доштани имконоту тақозои замони муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монем”.

Хизмати дигари бузурги Пешвои миллат дар самти рушди маориф ислоҳоти ин соҳа аст. Дар баробари ислоҳоти соҳа низоми таҳсил тағйир ёфт ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон таъсис дода шуд. Маориф ва илм пайванд ёфт ва дастовардҳои илмӣ дар соҳаи маориф тадрис мешаванд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” омадааст, ки “дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард”.

Ин маънои онро дорад, ки Пешвои миллат соҳаи маорифро ҳамеша мавриди таҳлил қарор медиҳад, пешрафти онро назорат мекунад. Пешвои миллат ҷиҳати рушди ин соҳа ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо мекунад.

Аз ҷумла дар Паёми худ гуфтааст, ки “дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст”.

Пешвои миллат дар Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” иброз доштааст, ки “ҳамзамон бо ин, ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд”.

Дарвоқеъ, рушди имрӯзаи маорифи миллии мо нисбат ба солҳои шуравӣ ба маротиб бештар аст. Низоми таҳсиламон низ дар даврони истиқлоли давлатӣ такмил ёфт. Аммо Пешвои миллат ин суръати рушди маорифро ҳанӯз қонеъшаванда намеҳисобанд. Аз ин рӯ, таъкид намуданд, ки “бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд”.

Хизмати бузурги Пешвои миллат боз дар он аст, ки дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати рушди маориф маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат қариб 300 адад консепсия, барнома, дурнамо, нақшаҳо, дастурҳо, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки рушди соҳаро ба танзим дароварда, таъмин намуданд.

Хулоса, рушди маорифи миллӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат марбут аст. Сиёсати Пешвои миллат дар самти рушди маориф бо хусусиятҳои хосси худ аз ҳамаи давру замонҳои дигари таърихи миллӣ фарқ мекунад. Маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат маорифи кишвар ба дараҷае пеш рафт, ки дар дигар марҳилаҳои таърихӣ ба чашм намерасад.

 

Аброр НАЗИРОВ,

муовини сардори шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатии Академия

Похожие записи