ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУАРРИФГАРИ ШАХСИЯТҲОИ ИЛМУ АДАБ ВА СИЁСИВУ ТАЪРИХӢ

chehrahoi_mondagor

Таърих гувоҳ аст, ки бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири асри бистум ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мебошад. Дар ин давра давлатдории миллӣ бунёд гардид, дар тамоми соҳаҳои кишвар пешравиҳо ба назар расид ва дар замони ҷаҳонишавӣ Тоҷикистон тавонист худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.    

 

Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар миқёси ҷаҳон шуҳрати бештарро соҳиб гардад, зеро ҳар иқдому ташаббус маҳз бо шарофати озодию мустақилият, сулҳу субот ва оромӣ амалӣ ва татбиқ мегардад. Ҳамзамон дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хеле бузурганд.

Эҳё ва дифоъ аз арзишҳои асили миллӣ, пос доштани бузургону донишмандон ва арҷ гузоштан ба таърихи бою ғании миллат дар партави сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат нақши бориз дарад, чунки бе доштани донишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва пешрафти илму техника ба дастовардҳои дилхоҳ ноил гардидан хеле душвор аст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба бузургони илму адаб ва шахсиятҳои сиёсию таърихӣ таваҷҷуҳи хосса доранд. Исботи гуфтаҳои боло ин рӯи чоп омадани асари пурарзиши Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” мебошад, ки доир ба ҳаёт ва фаъолияти зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ буда, ҳамзамон онҳоро аз нав зинда гардонид.

Ҳамин буд, ки чашнҳои бузурги умумимиллӣ, бахусус 1100-солагии давлати маънавибунёди Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, бузургдошти шахсиятҳои сарсупурдаи илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ Имоми Аъзам, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигаронро баргузор намуда, аз таъриху фарҳанги миллат ганчҳо ва ҳикматҳое оварда шудааст, ки бо моҳият ва арзишҳои чаҳониашон худшиносии тоҷиконро таҳким бахшиданд.

Дар асари “Чеҳраҳои мондагор” дар баробари 25 нафар нобиғаҳои илму адаб ва маърифат дар бораи яке аз ахтарони дурахшони дунёи маънавӣ бешубҳа, ҳакими ориф, адиби нозукхаёл, мутафаккири нуктасанч Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мулаққаб ба Амири Кабир, Алии Сот, маъруф ба Шоҳи Ҳамадон ва ҳазрати Амирҷон маълумоти мухтассар оварда шудааст. Дар асари мазкур Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамчун “Таблиғгари фарҳанги сулҳ ва хостори ваҳдату субот” номгузорӣ шуда, ҳамчун ситораи пурҷилову тобноке тасвир гардидааст, ки кариб 700 сол инҷониб аз қаъри асрҳо бо нури маърифату хирад андешаи моро равшанӣ мебахшад.

Пешвои муаззами миллат дар ин асари бузурги худ бо эҳтироми хосса нисбати ин олими барҷаста чунин ибрози ақида намудаанд: “Ҳусну таровати таълимоти ахлоқии Мир Сайид Алии Ҳамадониро тавсифу таъкиди унсурҳои ахлоқи неку писандидаи башарӣ амсоли фурутанӣ, хоксорӣ, вафодорӣ, тавозуъ, камозорӣ ташкил медиҳад, ки намунаи дилписанди он рубоии зерин мебошад:

Айб аст баланд баркашидан худро,

В – аз ҷумлаи халқ баргузидан худро.

Аз мардумаки дида бибояд омухт,

Дидан ҳама касрову надидан худро.

 

Ҳикмати ирфонии Алии Ҳамадонӣ инсонро ба фаъолиятмандӣ,  эҷодкорӣ ҳидоят мекунад. Вай на фалсафаи таслиму афтодаруҳӣ, балки ҳикмати бузургии шаъну мартабаи инсон аст”.

Дар ин асари гаронбаҳо Пешвои миллат бо як эҳтироми хосса ва андешаҳои оқилона қайд менамоянд, ки “Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шеърро воситаи муносибу мувофиқи баёни андешаҳои ирфонӣ ва ахлоқиву иҷтимоии худ қарор дода, ҳамчунин дар рушду густариши забон ва адабиёти тоҷику форс хизмати шоистаеро ба анҷом расонидааст. Дар ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оҳанги ирфонӣ бо андешаҳои таълимӣ хуб омезиш ёфта, ифодахои рамзӣ, андарзҳои ҳаётӣ ва тараннуми кирдору амалҳои шоиста хеле зиёд ба назар мерасанд ва онхо бо мақсади дуруст таълим додани инсон ва боиффату қаноатпеша ба воя расидани вай таълиф шуда, ҳамчун дурри маънавӣ барои ташаккули ҷахонбинии инсон хизмат менамоянд”.

Майсара МУЗАФАРЗОДА,

магистранти шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатии Академия

Похожие записи