ПЕШВОИ МИЛЛАТ. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Соли ҷорӣ, 9 сентябр, Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 — солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн хоҳад гирифт. Дар ибтидои истиқлолияти худ Тоҷикистон давраи мураккаберо паси сар кардааст ва маҳз хирадмандии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин марҳилаи мушкил бартараф гардид ва Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ рушд намояд.     Ин аст, ки имрӯзҳо олимон ва дигар коршиносон аз нигоҳи таърихӣ нақши ин шахсияти барои миллат муҳимтаринро таҳлил намуда, маводи ҷолиб нашр ва дастраси ҷомеа гардонидаанд.   Боиси зикр аст, ки дар муқаддимаи китоби худ бо номи «Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат» сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо навиштааст: «Мардуми Тоҷикистон шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро батадриҷ ҳамчун роҳбари тавоною пуртаҷриба ва ҳамчун Пешвои воқеии худ пазируфта, ин мафҳум ва ин мақом дар зеҳни ҷомеа пухта расида буд. Аз ин рӯ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» бештар нақши мақоми ҳуқуқӣ бахшидан ба ин воқеияти таърихиро дошт».   Ҷумҳурии ҷавони мо, қабл аз ҳама, ниёз ба муттаҳидӣ, ба сулҳу субот, ба барқарорсозӣ дошт ва маҳз хирадмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари мо бо дастовардҳои назаррас имрӯзҳо дар остонаи 30 — солагии хеш қарор дорад.   … Читать далее ПЕШВОИ МИЛЛАТ. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ