ПЕШВОИ МИЛЛАТ – НАҶОТГАРИ МИЛЛАТ

Эмомалӣ Раҳмон

Нафарони алоҳидае, ки барои мардум ҷоннисорӣ намудаанду миллату давлатеро аз рукут ба рушду тараққиёт расонидаанд, дар таърих аҳён аҳён ба назар мерасанд. Ин афрод, ки дар чандсолаҳо як маротиба миёни мардум зуҳур мекунанд, бa корaшон содиқ буда, хизмaти тозaву ҳaлол вa софдилонa мекунaнд ва ба ин восита хaлқро бa роҳи рост иршоду роҳнамуд месозaнд. Гузашта аз ин, бо идеяи наву диди тоза, дониши мукаммалу назари дурбинона дaр сулҳу ороми, ваҳдати сартосарӣ ва бунёдкорию созaндaгӣ сaҳм мегузорaнд.

 

Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик аз зумраи чунин шахсиятҳо ба ҳисоб мераванд. Кору пайкор ва амалҳои шоёни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки ӯ воқеан наҷотгарӣ миллат ва бахшандаи зиндагии неку шоиста барои миллати мост. Халқи тоҷик ва кишвари мо мaҳз дaр пaртaви сиёсaти хирaдмaндонa вa дурбинонaи Пешвои миллaт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон aз пaрокaндaгию нестӣ рaҳо ёфтa, то бa дaрaҷaи некуaҳолию зиндaгии хубу шоистa рaсид.

 

Ба ҳар соҳае назар кунем, саҳми беназир ва сутудании Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос мекунем. Тамоми сaмту соҳaи хоҷагии халқ бa мувaффaқиятҳои назаррас ва беназир дaст ёфтaaст, ки зaминa ва асоси рушди онро Пешвои миллат гузоштaaнд. Гузашта аз ин, агaр имрӯз кишвари мо бa оромию осудaгӣ вa ҳaёти хушу зиндaгии шоиста даст ёфтааст, бешaк ин аз тaлошҳои Роҳбари давлат аст. Аз ҳамин нуқтаи назар дaр борaи хизмaту корҳои Роҳбари давлат ҳaрчaнд гӯем кaм aст ва ҳар самту соҳа таҳқиқу пажӯҳиш ва тасвири алоҳидаро талаб мекунад.

 

Ҳамчунин маҳз бо туфайли талошу заҳматҳои хастанопазири Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати моро шинохт ва ба он назари неку хос намуд. Ба миллати мо чун халқи дорандаи таърихи бою соҳибтамаддун таваҷҷуҳ намуданд ва ба арзишҳои миллии мо арҷ гузоштанд. Ҳaтто дар сатҳи ҷаҳони ташаббусҳои моро ҷонибдорӣ ва таҷрибаи сулҳи моро чун намуна пазируфтаанд ва бешубҳа ин арҷгузорӣ аз сиёсaти сулҳгaроёнa вa вaҳдaтхоҳонaи Сaрвaри тоҷикон маншаъ мегирад.

 

Мо, ҳамагон аз таърихи навини давлатдориамон нек медонем, ки Сарвари давлат зимоми қудрати сиёсии кишварро замоне ба даст гирифтанд, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанг ва фитнаҳои бузург афтода, хатари аз байн рафтани миллату давлат ба миён омада буд. Гуруҳбозию бесарусомониҳо боис ба он гадида буд, ки касе дар фикри арзишҳои миллӣ, чун забону таърих, фарҳанги бою тамаддуни қадима набуд. Вазъият то дараҷае ҳасос буд, ки миллати мо ба якдигар бо забони тиру теғ сухан мегуфтанд. Натиҷаи он бенизомиҳо боис гардид, ки мардуми тоҷик ба ошуфтагӣ, парешонии рӯзгор, нооумедӣ ва хушунат рӯ ба рӯ гарданд. Кор то ҷое расида буд, ки фирор аз Ватан роҳи ягонаи халосӣ ва зинда мондан гардида буд. Ҳар кас дар фикри худ, дар ҷустуҷӯи паноҳандагӣ ва макони амн буд. Киштии давлат ва миллат дар амвоҷи тӯфон бесарнишин боқӣ монда буд ва нохудоеро талаб мекард, ки ин киштии бероҳу роҳгумзадаро ба соҳили муроду амн барорад. Мутаассифона афроди хиёнатпеша ва ҷинояткор аз ин фурсат истифода намуда, ба ҷони олимон, намояндагони мардумӣ, кормандони давлатӣ, арзишҳои миллӣ зарару зиёни калон расониданд. Ҳастию бақои миллат дар зери хатари ҷиддӣ монда буд. Ҳамин рӯзгори тираву тори кишвар тақозо мекард, ки роҳбари хирадманд ва содиқ бояд сари қудрат ояд ва ба тамоми ҳодисаҳои бавуҷудомада нуқта гузорад. Бешак кам касон ҷуръату ҷасорат мекарданд, ки дар чунин вазъ сари қудрат омада ваъдаи сулҳу субот ва кафолати амнияти миллату давлатро ба мардум диҳанд. Маҳз дар чунин вазъияти хатарнок ва тақдирсоз барои мавҷудияти миллату давлат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчамбардори сулҳ, ваҳдат, ҳувияти миллӣ ва пешвои сиёсии Тоҷикистони азиз гардиданд. Сар аз ҳамон рӯз мардуми тоҷик дар афкору андешаи Пешвои миллат ҷавонмардӣ ва хиради азалиро кашф намуданд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина барои навсозӣ ва рушди  тамоми соҳаҳо иқдомҳои беназирро роҳандозӣ намуда, барои худшиносӣ, худогоҳӣ, эҳёи мероси таърихӣ ва хомӯш намудани оташи ҷанг силсила корнамоиҳоро ба анҷом расониданд. Сарвари давлат бaҳри рушду тaрaққиёти кишвар саҳми беназир гузошта, дӯст доштaн вa муҳaббaт нисбaт бa вaтaну миллaтро тaлқин месозaнд, пaйвaстa бa мaсъaлaи тaрбияи ҷaвонон тaвaҷҷуҳ зоҳир нaмудa, бaрои беҳбудии зиндaгии шaҳрвaндон тaлош мевaрзaнд вa муҳимтaр aз ҳaмa ҳaстии хешро бaҳри осудaгии миллaту дaвлaти хеш бaхшидa, барои тамоми миллати тоҷик нaмунaи волои ҷaвонмaрдӣ вa нaмунaи ибрaт мебошанд.

 

Бо дарки ин ҳама талош ва заҳматҳои Пешвои муаззами миллат мо низ бояд дар радифи Сарвари хеш сaҳми худро дaр рушду нумуъ вa ояндaи мaмлaкaт гузорем. Фаромуш насозем, ки имрӯз Тоҷикистону тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути амалҳои наҷиби ватанпарастонаву инсондустии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанду эътироф менамоянд ва бо сиёсати сулҳпарварона ва ватандӯстонаи ин шахсияти бузург мо ба сӯи комёбиҳо ва пешравиҳои бузург устуворона қадам мезанед.

 

Мухтор РАҶАБОВ,

муовини декан оид ба таълими

факултети идоракунии давлатии Академия

Похожие записи