ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ – ВАЗИФАИ АСОСИИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

241853113_1027158958111192_7585034246632559508_n

Мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад, терроризм номида мешавад.

 

Вожаи терроризм сарчашмаи лотинӣ дошта, сиёсати тарсондан ва фурӯ нишондани душманони сиёсӣ, мазҳабӣ ва ғайраро бо роҳи зурӣ, нобудсозӣ ва куштор ифода менамояд.

Дар радифи терроризм вожаи дигари маъмул, ки дар ҷаҳони муосир хатари баробарвазн бо терроризм шуморида мешавад, ин экстремизм (ифротгароӣ) мебошад, ки пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротиро ифода менамояд.

Терроризму экстремизм хатарҳои замони муосир ба шумор рафта, танҳо дар нимаи дуюми асри XX ва ибтидои асри XXI хусусияти васеъро касб намуданд. Дар ибтидо кишварҳои Ғарб ва Амрико ба ин зуҳурот чандон дахолат намекарданд ва фикр мекарданд, ки падидаи терроризму экстремизм танҳо ба фазои сиёсии кишварҳои Шарқ ва Африқову Амрикои Лотинӣ хос асту халос ва он ба амнияту осоиштагии кишварҳои Ғарб ва Амрико таҳдиде надорад. Аммо ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2001, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА рух дода буд, ба рӯйи пайравони ин ақида латма зад ва онҳоро аз хоби гарон бедор намуд. Амрико ва муттафиқони он шоҳид гаштанд, ки хатаре, ки чанде пеш ба назари онҳо ҳеҷ чиз метофт, имрӯз ба амнияти мамлакат таҳдид мекунаду боис ба марги зиёда аз 3000 нафар мегардад.

Баъди ҳодисаҳои номбурда назар ва муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба терроризму экстремизм куллан тағйир ёфт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд, падидаи терроризму экстремизм аз он зуҳуротест, ки муборизаи ҷудогона муқобили он натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Барои решакан намудани он ҳамаи субъектҳои ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки дар муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ муқобили он муборизаи беамон бубаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти он аллакай аз солҳои аввали ба даст овардани сулҳу осоиш ва Ваҳдати миллӣ дарк намуда буданд, ки таъмини амният ва сулҳу осоиштагии ҷомеа осон нахоҳад буд. Маҳз ба ин хотир дар аввалин баромадҳои худ пас аз эълони Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки хатари рӯзафзуни терроризму экстремизм ба амнияти Тоҷикистон ва минтақа моро водор месозад, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии он чораҳои амалӣ андешем.

Ҳодисаҳои ду даҳсолаи охир ба мо нишон дод, ки имрӯзҳо дар маркази ҳадафҳои номатлуби гуруҳҳои ҷиноятпешаи террористиву экстремистӣ ҷавонон меистанд. Ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, гуруҳҳои террористиву экстремистӣ барои пиёда намудани ҳадафҳои нопоки худ аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва муқовимат бо терроризм чораҳои амалӣ меандешад.

Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи муқовимат бо терроризм” амал мекунад, ки 23 декабри соли 2021 қабул гардидааст. Қонуни мазкур принсипҳои асосии муқовимат бо терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Дар баробари он ки Роҳбарияти Олии мамлакат дар дохили кишвар барои пурра решакан намудани терроризму эктсремизм талош менамоянд, инчунин дар муносибатҳои байналмилалии кишвар низ самти муқовимат бо терроризму экстремизм аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Махсусан дар ҳоле ки ҳамсояи наздиктарини Тоҷикистон Афғонистонро имрӯз гуруҳе, ки дар зиёда аз 50 кишвар гуруҳи террористӣ эълон гардидааст, идора мекунад, хатари терроризм ба минтақа ва ҷаҳон боз ҳам афзунтар мегардад. Дар ин росто Тоҷикистон ягона давлатест, ки барои ҳалли қазияи Афғонистон тӯли чанд даҳсолаи охир кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Тоҷикистон ва мақомоти масъулиятноки он мутобиқи меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар масъалаи мубориза бо терроризму эктсремизм ва пешгирии ин хатарҳо бо мамлакатҳои хориҷӣ ва мақомотҳои дахдори онҳо, ба ғайр аз ин бо ташкилотҳои байналмилалие, ки дар сангари мубориза бо терроризм қарор доранд, ҳамкорӣ мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии хатари паҳншавии терроризму эктсремизм ва падидаҳои номатлуби он чораҳои зарурӣ андешида, кӯшиш менамояд, ки аҳолии мамлакатро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, худогоҳиву худшиносӣ, муҳаббат ба хоки поки аҷдодӣ, садоқат ба Ватан ва арзишҳои истиқлолу ваҳдат, ҳисси ифтихор аз гузаштаи пурғановати миллат ва масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои гузаштаву оянда тарбия намояд. Зеро маҳз тавассути инкишофи эҳсоси номбаргардида мо метавонем пеши роҳи шомилшавии ҷавонону шаҳрвандонро ба ҳар гуна гуруҳи террористию ифротӣ бигирем. Ба қавли Пешвои муаззами миллат “Терроризм Ватан, миллат ва дин надорад.” Тарбияи ин эҳсос дар замири аҳолии мамлакат худ заминаи устувор барои пешгирӣ ва муқовимат бо ин зуҳуроти ҷаҳони муосир мебошад.

Ҳукумати мамлакат маҳз ба ин хотир соли равон дар кишвар Қонун “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро қабул намуд. Мақсад аз қабули қонуни мазкур тақвият додани заминаҳои ҳисси шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа, ташаккул ва рушди сифатҳои неки шаҳрвандӣ-иҷтимоии насли наврас ва қобилияти аз ҷониби онҳо зоҳир намудани ин сифатҳо дар раванди бунёдкориҳо ба нафъи ҷомеа ва давлат мебошад, ки чӣ тавре дар боло қайд карда шуд, замина ё таҳкурсии асосии пешгирии терроризму экстремизм мебошад.

Чуноне Сарвари давлат борҳо таъкид сохтаанд, бо назардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масоили тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хурофотпарастӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар сурати иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат ва якдилу яктан будани сокинони мамлакат пеши роҳи ҳар гуна хатар гирифта мешавад ва Тоҷикистони ободу зебои мо шукуфонтар мегардад.

Одилҷон БОБОЗОДА,

декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва

таҳсилоти дуюми олии касбии Академия

Похожие записи