РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Сатторов Э. к. менеҷмент

30 сол қабл миллати мо ба дастоварди бузургтарини таърихӣ – истиқлоли давлатӣ ноил шуд ва ҳоло мардуми кишварамон дар остонаи истиқбол ва таҷлили он қарор доранд. Ин ҷашни муборак ва муқаддаси миллӣ сол то сол нуфузи хосса пайдо карда, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон нақши муассир мегузорад.

 

Мардуми Тоҷикистон Рӯзи истиқлоли давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ ҳар сол ҳамчун ҷашни бузурги умумимиллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.

 

Воқеан, соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои тоҷикон рӯйдоди сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархӯрдор аст.

 

Истиқлол ин орзую омол ва муборизаи чандинсолаи фарзандони барӯманди халқи тоҷик аст, ки ҳамчун бузургтарин рӯйдоди таърихӣ солҳои 90-уми садаи ХХ ба даст омад ва новобаста аз нобасомониҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ он аз тарафи мардуми мо бо сарфарозӣ пазируфта шуд. Ин рӯйдод ба халқи тоҷик шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки бо дарки баланди масъулияти таърихӣ дар назди наслҳои гузашта, имрӯзу оянда сарнавишт ва тақдири минбаъдаи худро ба дасти худ бигирад.

 

Халқи тоҷик, имкон пайдо намуд, ки бори аввал сарвари сиёсии худро дарёбад ва ӯро тавассути раъйдиҳии умумихалқӣ  якдилона ба роҳбарии худ пазирояд ва ба ӯ тақдири давлату миллатро бовар намояд.

 

Роҳбари сиёсии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аввалан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва баъд Президенти мамлакат тавонист дар вазъияти басо ноустувори сиёсию иҷтимоӣ самтҳои асосии марҳалаи аввали Истиқлоли  давлатиро дурандешона муайян карда, давлати тозаистиқлолро аз парокандагӣ ва фаношавӣ эмин нигоҳ дорад. Сарвари давлат моҳият ва ҷавҳари аслии Истиқлоли давлатиро амиқ дарк намуда, пайваста тараннум, таъкид ва ҳифзи онро муқаддастарин вазифаи инсонию шаҳрвандии ҳар фарди бонангу номуси миллат арзёбӣ менамояд ва худ парчамбардори ин давлати соҳибистиқлол пазируфта шудааст. Дар баробари ин, ба истиқлолияти дигар халқу миллатҳо эҳтироми беандоза дорад.

 

Муҳимтар аз ҳама, Истиқлоли давлатӣ барои расидан ба ваҳдати саросарии миллӣ дар мамлакат шароити сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард. Гуфтушунидҳо оид ба истиқрори сулҳ дар фазои давлати соҳибихтиёр баргузор мегардид, ки ин ҳолат ба раванди гуфтушунид, дарки масъулияти таърихӣ барои давлату миллат ва истиқлолияти бадастомада бе таъсири намонд.

 

Озодӣ ва истиқлол дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд.

 

Ҳамаи мо, шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол, тӯли ин солҳо шоҳиди онем, ки Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу амонӣ, густариши равандҳои демократӣ, рушду нумӯи иқтисодиёти миллӣ, болоравии обрӯву эътибори давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти наҷибона ва азму талошҳои зиёде карда истодаанд.

 

Имрӯз фазои сулҳу субот ба татбиқи сиёсати иқтисодӣ, ба манфиатҳои давлатдории миллӣ ва ба татбиқи чор ҳадафи стратегие, ки Пешвои миллат ба миён гузоштаанд, ҷавобгӯ буда, зина ба зина ҳалли худро ёфта истодаанд.

 

Дар тӯли 30 соли сипарӣ мо ҷиҳати таъмини истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ дастовардҳои назаррасеро ноил гардидем ва дастовардҳо хеле зиёданд. Инак баҳри татбиқи ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати мамлакат қадамҳои устувор гузошта мешаванд.

 

Ҳанӯз дар соли 1993 муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар суханронии хеш дар Форуми тоҷикони ҷаҳон таъкид намуд, ки “иқтисоди миллии Тоҷикистон тайи ду соли охир дар натиҷаи бархӯрдҳои мусаллаҳона ва қатъ шудани иртиботи тиҷоратӣ комилан вайрон шуд… ва давлат маблағи кофиро барои ҳифзи иҷтимоии мардум ва рушди соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, илм ва маориф надорад”. Дар ин Форум муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба дискуссияҳои назариявӣ ва сиёсӣ дар дохили кишвар дар бораи рушди ояндаи иқтисоди миллӣ дар даврони пасошӯравӣ амалан хотима гузошт.

 

Ҳанӯз дар ибтидои фаъолияти худ ба ҳайси роҳбари интихобшудаи кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои назариявӣ ва амалии ташаккули муносибатҳои навини иқтисодиро аниқ мушаххас сохт ва асоси рушди иқтисодиёти бозаргонӣ дар кишварро пайрезӣ кард. Дар маҷмӯъ ин масъалаҳо дар “Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои давраи солҳои 1995-2000”, ки аз ҷониби парлумони кишвар тасдиқ карда шуда буд, ба пуррагӣ дарҷ ёфтаанд. Аз замони Иҷлосияи XVI то соли 1997, яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ, давраи боздошти таназзули иқтисодӣ пайваста бо азхуд кардани баъзе шаклҳои низоми нави иқтисодӣ, яъне иқтисоди бозорӣ маҳсуб мешавад, ки чун замина барои рушди минбаъда хидмат кардааст. Пас аз истиқрори сулҳи тоҷикон рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ мушоҳида мешавад.

 

Муносибати таърихӣ ба таҳлили ташаккули асосҳои иқтисодиёти бозори озод дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ин давра, вақте ки асоси ҳуқуқи конститутсионии субъектҳои иқтисодӣ барқарор мегардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо “Дар бораи буҷети фавқулодаи давлатӣ” (соли 1993), “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон” (соли 1993), “Дар бораи хусусигардонии фонди манзил ва хусусигардонии моликияти давлатӣ” (соли 1995, соли 1997), “Дар бораи фаъолияти иқтисодии берунӣ ва танзими асъор ва назорати асъор” (соли 1994, соли 1995), “Дар бораи Бонки миллӣ” (соли 1996), “Дар бораи консессия” (соли 1997), “Дар бораи муҳоҷират” (соли 1999), Кодексҳои замин, манзил ва меҳнат (соли 1996, соли 1997) ва ғайраро имзо кард. Аз соли 2000-ум арзёбии фаъолият ва натиҷаҳои иқтисодӣ бо асъори миллӣ – сомонӣ сурат гирифта, сиёсати пуливу карзӣ ташаккул ёфта, иқтисодиёти кишвар ба ҷараёни инкишофи устувор ворид гардид.

 

Татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ дар давоми солҳои сипаришуда ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми сармоягузориву хизматрасонӣ, инчунин зиёд шудани даромади пулӣ, талаботи истеъмолии аҳолӣ ва дар маҷмӯъ, ба таъмин гардидани рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намуд.

 

Дар натиҷаи мунтазам зиёд шудани даромади пулии аҳолӣ имрӯз сохтори хароҷоти хонаводагӣ хеле беҳтар гардидааст. Масалан, соли 2001-ум 84 фоизи хароҷоти хонаводагӣ ба хариди маҳсулоти озуқа ва 16 фоиз барои молҳои ғайриозуқа ва хизматрасониҳо рост меомад. Ҳоло ин нишондиҳандаҳо қариб баробар шудаанд, яъне имконияти мардум барои хариди молҳои маишӣ, пардохти хизматрасониву истироҳат ё пасандози қисми даромадҳояшон бештар шудааст. Умуман, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.

 

Муҳимтар аз ҳама, дар кишвари азизамон имрӯз амнияту суботи устувор таъмин гардид ва рӯҳияи боварӣ ба ояндаи нек, ифтихор аз Ватани озоду орому обод ва дорои мақоми шоиста дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият ёфт ва дар ин замина, ба зиммаи насли имрӯзи ватан иҷрои рисолати бузурги таърихӣ-бунёд ва таҳкими давлати мустақили Тоҷикистон афтодааст. Ҳоло вазифаи ҳамаи мост, ки ин рисолатро ба таври шоиста анҷом диҳем.

 

Аз комёбиҳои истиқлол бархӯрдор гардида, мо қарзи шаҳрвандии худ медонем, ки сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар татбиқи он ақлу дониш ва қувваи худро дареғ надорем. Бояд гуфт, ки ин амалро мо пеш аз ҳама бо эҳсоси масъулияти ба зиммадошта, дар назди халқу Ватанамон ба ҷо оварда метавонем.

 

Мо итминони комил дорем, ки шоҳроҳи ҳазорсолаи сеюм барои мо асри таҳкими истиқлоли кишвар, рушду нумӯи давлатдории миллӣ, асри дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон хоҳад шуд. Ва ин роҳи дурусти тақдирсоз моро ба сӯи ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ва ояндаи неку осуда ҳидоят хоҳад намуд.

 

Эраҷ САТТОРОВ,

мудири кафедраи

менеҷменти Академия

Похожие записи