РУШДИ СОҲАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

2

Зери сиёсати иҷтимоӣ таъсирангезии мақсадноки давлат, иттифоқи касаба ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба низоми мавҷудаи муносибатҳои ҷамъиятӣ фаҳмида мешавад, ки мақсади он беҳтар сохтани шароити маишӣ ва меҳнати табақаҳои васеи аҳолӣ, бартараф намудани нобаробарии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавии халқ мебошад.

 

Сиёсати иҷтимоии давлат, пеш аз ҳама, дар соҳаи қонунгузорӣ зоҳир гардида, ба ҳифзи манфиатҳои аҳолии кишвар равона мегардад. Яке аз самтҳои аҳамиятноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ пеш гирифтааст, ин давра ба давра гузаронидани ислоҳот дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

 

Ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, ҳуқуқи аҳолӣ ба таъминоти иҷтимоӣ дар қонуни асосии кишвар– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Ҳамаи ин ҳуқуқҳо аз ҷониби низоми иқтисодию сиёсии ҷомеа кафолат дода шуда, дар амал татбиқ кардани онҳо ғамхории ҳақиқиро дар бораи инсон инъикос менамояд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми иқтисодию сиёсии ҷаҳонӣ яке аз он чанд давлате ба шумор меравад, ки тибқи Конститутсияи худ давлати иҷтимоӣ эълон шуда, низоми иқтисодии он дар асоси иҷтимоиёт ва дурнамои иҷтимоӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамин нукта муҳимтарин ва волотарин комёбиҳои инсондӯстонаи ҷомеаи мо ба шумор меравад. Дар як давраи начандон тӯлонӣ, баъди соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурӣ дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, аниқтараш ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодааст: қариб 600 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нафақаю кумакпулиҳо таъмин гардида, ба оилаҳои серфарзанд ва бесаробонмонда ёрии амалии ҳаматарафаю назаррас расонида шуда, соҳаи хизматрасонии иҷтимоии нафақахӯрон ва маъюбон зина ба зина инкишоф ёфта истодааст. Диққати бештар ва ғамхории ҳамарӯза ба шаҳрвандони куҳансол, собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъюбон зоҳир мешавад. Онҳо яке аз гурӯҳҳои асосии аҳолии моянд, ки ба эшон низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мунташир гаштааст.

 

Мувофиқи мақсад ва босамар истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, ки ба таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, мукаммал сохтани сиёсати нафақа, инкишоф додани муассисаҳои иҷтимоӣ, пардохти ҷубронпулҳои дахлдор барои иштирокчиёну маъюбони ҷанг, собиқадорони меҳнат ва дигар кумакпулиҳо аз тарафи фонди мазкур дуруст бароҳ монда шудааст. Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки дар чунин шароит нақши ҳалкунандаро дар таҳия ва тадвини сиёсати иҷтимоӣ роҳбари давлат–ҳамчун симои роҳбарикунандаи кишвар мебозад.

 

Роҳбари давлат дар ташаккулёбии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи тавассути ҳукумат ё шахсан дида баромадани масъалаҳои рӯзмарраи ҳифзи иҷтимоӣ ва аз рӯи онҳо қабул намудани қарору фармонҳои дахлдор таъсири бевосита мерасонанд. Имрӯзҳо дар баробари фармонҳои Президенти мамлакат, инчунин дастурҳои ӯ оид ба масоили иҷтимоӣ ва даъват ба накӯкорию хайрандешӣ нисбати эҳтиёҷмандон ва ятимон даст гирӣ ёфта аз тарафи кормандони фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зина ба зина амали шуда истодааст. Сиёсати таъминоти иҷтимоии аҳолиро дар минтақаҳо ҳукуматҳои маҳаллӣ (вилояти ва шаҳрию ноҳиявӣ) татбиқ менамоянд. Идораҳои вилоятӣ ва шуъбаҳои шаҳрию ноҳиявии ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҳукуматҳо дар ҳамдастӣ ва таҳти роҳбарии раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо тибқи қонунгузории ҷорӣ ва мактубу дастурамалҳои методию ҳамоҳангсозии фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба хизматрасонии иҷтимоӣ корҳои муайянеро анҷом медиҳанд. Дар баробари таъин ва пардохти нафақаю кумакпулиҳо мақомоти дар маҳалҳобудаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор ҳастанд, ки ба масъалаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла ёрии иҷтимоӣ ба маъюбон ва барқарорсозии қобилияти меҳнатии онҳо, фароҳам овардани шароити мусоиди фароғату табобати курортӣ, хизматрасонӣ ба куҳансолони барҷомонда ва ғайраҳоро хуб ба роҳ монанд. Баҳри бечуну чаро амалӣ гардонидани чунин тадбирҳо тавассути мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ тамоми чорабиниҳои лозимаро ба нақша гиранд.

 

Имрӯз Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сатҳи чунин сохторҳое, ки дар кишварҳои мутараққии дунё амал доранд, тақрибан ҳамрадиф гардидааст ва итминони комил дорам, самтеро, ки Фонд дар рушди ҳифзи иҷтимоӣ пеш гирифтааст, чун сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои начандон тӯлонӣ намунаи ҷаҳониён хоҳад гардид. Даромадҳо ва хароҷотҳои буҷети Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соли охир рӯ ба густариш ниҳодааст. Агар буҷети Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи 728,7 млн. сомониро ташкил диҳад пас ин нишондиҳанда дар соли 2018 –ум 3156,8 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2010 4,33 маротиб зиёд мебошад.

 

Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар бахши сиёсати иҷтимоӣ то имрӯз як силсила барномаҳои мушаххас қабул карда шудаанд ва муваффақона амалӣ гардида истодаанд. Пеш аз ҳама, татбиқи самарабахши тадбирҳои “Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012” ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат намуд ва сатҳии камбизоатӣ тибқи ҳисобҳо дар асоси рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафари аҳолӣ 38,5%-ро ташкил дод.

 

Бояд қайд кард, ки сиёсати иҷтимоии давлат на танҳо ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дарбар мегирад. Вай бидуни он ба ҳалли муаммоҳои рушди соҳаҳои бахши иҷтимоӣ, ки зиндагии шоистаи шаҳрвандонро таъмин  менамояд, равона карда мешавад.

 

Дар бахши иҷтимоӣ равандҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими шуғли аҳолии кишвар, рушди неруи инсонӣ, баланд бардоштани сифати таълим, тавсиаи дастрасии баробар ба хизматрасониҳои баландсифати тиббӣ, дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ, таъмини ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор, инчунин таъмини баробарии гендерӣ татбиқ хоҳанд гардид.

 

Сиёсати муосири иҷтимоии давлат ба афзоиши босуръат ва устуворонаи синфи миёнаи аҳолии кишвар дар асоси рушди иқтисодиёт ва коҳиш ёфтани камбизоатӣ нигаронида шудааст, зеро афзоиши устувори табақаи миёна дар мамлакат ин кафолат ва тасдиқи суботи иқтисодию иҷтимоӣ, идоракунии самаранок, пешбурди самтҳои муосири ислоҳот ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва стратегии кишвар мебошад. Бо гирифтани мақоми намояндаи табақаи миёна мардум барои пасандоз кардан, гирифтани маълумоти миёнаву олӣ ва умуман, баланд бардоштани маърифатнокии худ кӯшиш мекунанд. Зимнан, дастгирии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби ин синф, волоияти қонун, ҳуқуқи моликият ва инчунин, инфрасохтору маорифи пешрафта ва иқтисодиёти устувор таъмин мегардад.

 

Малоҳати РАҶАБАЛӢ,

мутахассиси пешбари  раёсати таълими Академия

Похожие записи