РӮЗИ МУҚАДДАСУ ҲАЁТБАХШ

Яке аз воқеаи муҳиму фараҳбахш, ки сарнавишти миллати тоҷикро дигар сохт, ин санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябри соли 1991 мебошад. Мардуми тоҷик ин рӯзи муборакро муқаддасу ҳаётбахш мешуморанд.

 

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвар чанд муддат нооромӣ ҳукмфармо гардид. Хушбахтона, туфайли ташаббусҳои наҷиб, сулҳҷӯёна ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар кишвари худ сулҳу ваҳдатро барқарор намуда, соҳиби давлати орому ояндадор гардиданд.

 

Аз рӯзи ба сари қудрат омадани фарзанди барӯманди халқ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият, асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар тағйироти куллӣ ба амал омада, дар арсаи ҷаҳонӣ номи тоҷик ва давлати Тоҷикистон эътироф ва шинохта гардид.

 

Дар давраи соҳибистиқлолӣ Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзу марзу буми Ватан ва сарҳади давлатӣ таҳти назорати доимӣ қарор гирифт. Аз рӯзи қабули Конститутсия, яъне соли 1994, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид.

 

Бо шарофати истиқлол мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидему тамоми сокинони кишвар шод аз он гардиданд, ки акнун Тоҷикистон давлати сулҳу ваҳдат, озоду ором, ҳуқуқбунёд ва ягона гардид.

 

Самараи истиқлол аст, ки тоҷикро дар арсаи байнлмилалӣ мешиносанд. Истиқлол зиндагии осуда, кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобатро барои мардум муҳайё сохт.

 

Бо шарофати истиқлол ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккаби ҳассоси ҷаҳони имрӯза ҳушёрии сиёсиро бояд аз даст надиҳем. Ин нуқтаро сарвари давлат пай бурда, борҳо таъкид кардаанд.

 

Бигзор, иди муқаддаси Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як фарди соҳибдили ватандӯст бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳову кушоишҳо оварад. Зинда бод Тоҷикистон, поянда бод истиқлол!

 

Фирдавс МИРСАРВАРЗОДА,

сармутахассиси Раёсати таълими Академия

Похожие записи