РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

IMG_3630

ТАБРИКОТИ

РЕКТОРИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР ҒАФУРЗОДА АБДУХАЛИЛ ДАВЛАТАЛӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

 

Донишҷӯёну магистрантони азиз,

Ҷавонони хушбахту хушиқбол!

 

Нахуст ҳамаи Шуморо, ки дар асл бақои давлату миллат ва созандаи фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол ва халқи азизамон ҳастед, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, муваффақиятҳои касбӣ ва маҷмӯи хушиҳои умрро таманно дорам.

 

Басо хушоянд аст, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар баргузор гардид. Зимни мулоқот Сарвари давлат ба ҷавонон чун неруи созандаю бунёдкор бо эътимоди комил суҳбати самимӣ оростанд, ки бешубҳа баҳри рушди ин қишри ҷомеа таъсиргузор хоҳад буд.

 

Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб зери роҳбариву пуштибонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон ҳамчун насли шоистаи замон ва неруи созандаву тавоно таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст.

 

Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, стратегияву барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, квота ва ҷоизаҳои Президентӣ барои ҷавонон, роҳандозӣ гардидани иқдомҳои шоиста дар самти дастгирии ҳамешагии ташаббусҳои неку наҷиби ҷавонони соҳибистеъдод ва амсоли инҳо шаҳодати равшани гуфтаҳои болоист.

 

Маҳз иродату садоқат ва кӯшишу талошҳои ҷавонпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иқдомҳои шоистаи ҷавонон ва беҳтарин ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони мо муваффақона дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат сарбаландона фаъолият намуда истодаанд.

 

Ин аст, ки зимни Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид иброз намуданд: “Ҳоло мо метавонем дилпурона изҳор дорем, ки ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд”.

 

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои судмандро рӯи кор гирифта, мунтазам ба масъалаи фароҳам овардани имконоти мусоиди рушди соҳа таваҷҷуҳ равона мегардад.

 

Хушоянд аст, ки аксарияти ҳайати кормандони муассисаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Иқдому ташаббусҳои онҳо ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии шаҳр, чорабиниҳои гуногунсатҳ, олимпиада, конфронсу озмунҳои гуногунсатҳ, мусобиқаҳои варзишиву дигар тадбирҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз нерӯи боғайрату садоқати самимонаи онҳо баҳри баланд бардоштани нуфузу эътибори шаҳри азизамон –Душанбе қобили дастириву шоистаи таъкид аст. Махсусан, сол аз сол сафи олимони ҷавони Академия афзуда, онҳо дар риштаҳои гуногуни илм таҳқиқотҳои илмӣ анҷом медиҳанд.

 

Роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бо пайгирӣ аз сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои дастгирии давлатии ҷавонон таваҷҷуҳ равона намуда, дар оянда низ ин тадбирҳоро амалӣ хоҳад намуд.

 

Итминони комил дорем, ки ҷавонони азизи мо минбаъд низ бо дарки масъулияти баланди ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизу муқаддас ҳиссаи арзишманди худро гузошта, бо ташаббус ва иқдомҳои созандаи хеш дар амри шукуфоии кишвари биҳиштосоямон саҳми бориз мегузоранд.

 

Ман бовар дорам, ки Шумо – насли ҷавони некахтар аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ кӯшиш мекунед, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоед. Зеро шумо борҳо собит намудаед, ки дар ҳақиқат пайравони асили Пешвои муаззами миллат ҳастед ва дар иҷрои ҳама кору масъулият, новобаста аз душвориҳои шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири дигар омилҳои беруна, қодиру тавоноед.

 

Ифтихор мекунам, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд ва соли таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст мекунанд.

 

Бо чунин таманниёти наҷиб бори дигар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба кулли ҷавонони гиромӣ таҳният гуфта, бароятон саодати ҷовидонӣ, рӯзгори хушу хуррам ва бахту иқболи поянда таманно дорам.

 

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак ҷавонони хушиқболи Ватан!

Похожие записи