САНГАРИ САНГИНИ ИСТИҚЛОЛ

Маликшоева Шобегим

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

 

Тафсири мафҳуми истиқлолро ҳамчун истилоҳи сиёсӣ ба ду поя метавон қарор дод: 1. Соҳибихтиёрии сиёсию давлатӣ дар фаъолияти дохиливу берунӣ бе дахолати давлатҳои дигар: вазъи миллат, кишвар ва давлат, сокинон ва шаҳрвандон ё баъзе аз таркибҳои он барои амалӣ  гардонидани худидорӣ дар тамоми қаламрав; 2. Ба халқ ё миллате мансуб будани ҳокимияти давлатӣ ва татбиқи он тавассути раъйпурсӣ ва интихоби намояндагони халқ.

 

Новобаста аз имконот ва хурдиву бузургии ҳудуди кишвар, шумораи аҳолӣ ва сохти ҷамъиятӣ, истиқлол ба ҳама давлатҳо баробар тааллуқ дорад. Ноил шудан ба истиқлол худ нишонаи баҳамоии қавму миллате мебошад ва он аз қатори дастоварду арзишҳоест, ки бузургиву манзалати хосси худро дорад. Таҳкими равандҳои соҳибистиқлолӣ барои давлатҳои тозаистиқлол ҳассос ва каме мушкил аст. Аз ин рӯ, ҷомеашиносон ва сиёсатшиносон барои бартараф кардани мушкилиҳои давлатҳои тозаистиқлол амалӣ намудани иқдомҳои зеринро пешниҳод кардаанд: 1. Раванди ваҳдат ва ба ҳам омадани миллатро тақвият дода, тамоми фаъолиятҳо дар асоси конститутсияи кишвар мутамаркиз шаванд; 2. Итоат аз роҳбарӣ ва фармондеҳии низоми сиёсӣ бояд танзимкунандаи ваҳдат бошад; 3. Пайванди миллату давлатро барои пешгирии хатарҳои бавуқӯъомада тақвият бахшанд.

 

Маҳз якдиливу садоқати тарафайни мардуми кишвар бо роҳбари хирадманди худ мамлакатро аз мушкилиҳои мавҷуда бароварда, то имрӯз Тоҷикистонро ба кишвари орому рӯ ба пешрафт мубаддал гардонидааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дарси хубе барои дигарон шуда метавонад. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ҳарчанд истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик осон ба даст омад, аммо воқеаҳои мудҳиши аввали солҳои навадум нишон доданд, ки ҳифз намудани он дар он даврони тазоди таърихӣ кори содаву осон набудааст. Воқеаҳои нанговари аввали солҳои навадум, ки барои миллату давлати тоҷик бисёр гарон ва ба нархи ҷон омад, роҳи пешрафти минбаъдаи давлати Тоҷикистонро тўли даҳсолаҳо ба қафо партофт.

 

Раванди таҳкими ҳама паҳлуҳои истиқлол дар марҳилаи аввал барои Тоҷикистони тозаистиқлол дар қиёс бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ мушкилтар ва ба бадали ҷанги таҳмилӣ даст дод. Барои миллати тоҷик имтиҳони бузургу сангин рӯёрӯ шуд ва имкони нест шудани давлат низ вуҷуд дошт. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон аз сахттарин имтиҳоноти таърих сарбаландона баромадаанд ва дар ҳассостарин лаҳазоти таърих тавонистаанд лигоми сарнавишти худро ба даст гиранд ва он ҳам ба шарофати фарзонафарзандони ин миллат буд. Ин бор низ сарнавишт ба мо дар таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон роҳбари кордону шуҷоъ ва ватандӯстро эҳдо кард. Дар садри сулҳу субот ва таҳкими истиқлоли тоза бадастомада маҳз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон меистад. Бидуни тардид, Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ба зумраи беҳтарин сиёсатмадорони ҷаҳон шинохтаву эътироф шудааст. Дар давоми 30 соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба муваффақиятҳои беназир дар таърихи худ ноил гардад. Зеро баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва оғозу анҷомёбии ҷанги шаҳрвандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни иқтисод аз дигар кишварҳои ҳамсоя қафо монда буд. Аз мероси Шӯравӣ қариб чизе боқӣ намонд (дар қиёс ба кишварҳои дигари меросхӯр). Тамоми корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият монда, аксари онҳо ғорат шуданд. Замми ин, аксари мардумро рӯҳияи яъсу навмедӣ фаро гирифта буд. Як қисми мардум дар мамлакати ҳамсоя гуреза шуда буданд. Маҳз сарвари миллат Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба гурезаҳои тоҷик муроҷиат намуда гуфта буд:

“Тоҷикони ғарибафтода, ҳамаи ҳамватаноне, ки дар айёми ноосудагии кишвар хоки Тоҷикистонро тарк намудаед, ман ба шумо муроҷиат мекунам.

 Магар нолаи чуғзе нашунидед, ки манзилатон ба ёд намеояд?

 Ба Ватани худ баргардед. Хонаи шумо танҳо ба шумо насиб мекунад.

…Ба Ватан баргардед. Аммо мо ба шумо кўҳи тилло ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехўрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем.  Паҳлуи ҳамдигар истода, Ватани вайронашудаамонро обод мекунем…

 

Аз нав барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ намудани миллати тоҷик, ба роҳ мондани истеҳсолот, барқарор намудани иқтисоди миллӣ, маориф ва дигар самтҳои муҳимму аввалиндараҷаи давлат ва махсусан аз ҳолати яъсу навмедӣ баровардани миллати тоҷик кори хеле душвор буд. Метавон гуфт, ки тақрибан даҳсолаи аввали замони истиқлол бо кашмакашиҳо ва ҷангу низоъҳои дохилӣ паси сар шуд. Баъд аз барқарор намудани сулҳ аз солҳои 1997 сар карда давлат оҳиста-оҳиста, зина ба зина пайи ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи дар боло зикргардида андармон шуд. Дар даҳсолаи дуввум, ки аллакай сулҳи миллии тоҷикон пурра барқарор шуда буд, дар мамлакат соҳаҳои харобгашта аз нав барқарор шудан гирифтанд ва дар охири даҳсолаи дуввум мамлакати мо аллакай ба гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққӣ дохил шуд. Аз ин метавон чунин хулоса кард, ки мамлакати мо то имрӯз танҳо як даҳсолаи рушду тараққиро аз сар гузаронидааст ва дар ҳамин як даҳсолаи кӯтоҳ бо сарварӣ ва ташаббусу роҳнамоиҳои Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик роҳи садсолаи тараққиро тай намудааст.

 

Маҳз бо баракати истиқлоли давлатӣ ва ташаббусу дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон тавонистанд ба осори пурқимати гузаштагони худ рӯ оранд ва арзиши воқеии онҳоро нишон диҳанд, анъанаҳои аҷдодӣ, фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи худро дубора эҳё намоянд, онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

 

Ҷаҳони муосир пур аз тазоду мушкилиҳост ва камтарин иштибоҳ боиси аз даст додани неъматҳои бузург хоҳад шуд. Махсусан, вазъи ноороми Шарқи Наздик ва ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон моро водор мекунад, ки дар барқарории оромиву суботи кишварамон бетараф набошем. Зеро ваҳдату якдастии ҷамъият, новобаста аз ҳайсияти қавмиву мазҳабӣ, ҳамеша омилу кафили суботу сомони давлат аст. Вазъияте, ки имрӯз дар Афғонистони ҳамсоя ба вуқӯъ омада истодааст ва хоҳу нохоҳ ба кишварҳои ҳамсоя бетаъсир намемонад, аз он шаҳодат медиҳад, ки нақши маҳорати роҳбарӣ ва таҷрибаи давлатдорию давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар суботи сиёсии Тоҷикистон, ҳамчунин дар минтақа бориз аст.

 

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доманаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Бошад, ки ин озодиву истиқлоли бар ивази сахтиҳо бадастомада умри ҷовидона ёбаду неъмату баракати ин истиқлол кулли сайёраро фаро гирад. Мавлонои Балхӣ чунин фармудааст:

Биҷӯшед, биҷӯшед, ки мо баҳри шиорем,

Ба ҷуз ишқ, ба ҷуз ишқ дигар кор надорем.

Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазрааи пок,

Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ, дигар дона накорем!

 

 

Шоҳбегим МАЛИКШОЗОДА

номзади илмҳои филологӣ,

муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи Академия

Похожие записи