САРОҒОЗИ ЗИНДАГӢ

Тоҷикистон

Зиндагии шоистаи мо аз домони Модар-Ватан оғоз мегардад. Ватан аз замони валодат то вопасин рӯзҳои зиндагӣ моро мисли модар ба оғӯши худ мегирад ва мо бар он меҳр варзидаю дӯсташ медорем. Меҳани аҷдодие, ки гузаштагони соҳибхираду бомаърифати мо онро бо арзиши ҷон ҳифз кардаанд, бо меҳру самимият моро дар оғӯши худ мепарварад.

 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мардуми шарифи кишварро ба дӯстию рафоқат, хештаншиносию ватандӯстӣ ҳидоят менамояд ва дар ин бобат чунин мегӯянд: “Тамоми талошу пайкори мо дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлолият ба мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдати Тоҷикистон асос ёфтааст”.

 

Бале, оғуши Ватан пур аз меҳру садоқату самимият ва меҳрубонию шафқат аст. Ватан чун модар зарраҳои оташбори фурӯзони қалбашро дар як сатҳ ба фарзандон мерасонаду эшонро ба зиндагии шоиста дилгарм месозад. Қалби Ватан ҳамвора гарм асту чеҳрааш чу рухсори модар нуронию иродааш қавӣ ва меҳраш амсоли модар беинтиҳо. Меҳри Модар-Ватан қалбҳоро тасхир намудаю меҳри дар ҷону равон бударо дучанд мегардонад.

 

Инсон дар зиндагӣ бо ҳамаи мавҷудоти олам муҳабати хосае дорад, дар баробари ибрози аҳду вафо, хостгори сидқу самимияти онҳо мегардад. Лекин бояд гуфт, ки дӯсти аз ҳама бовафо ин Ватан аст.

 

Ватандорӣ шарафи бузург ва ифтихори ҳар як ҷавондмард мебошад. Аз ин рӯ, қарзи фарзандию масъулияти шаҳрвандии моро пайваста ба ҳифзи хоки муқаддаси Ватан равона мекунад. Барои халалдор нашудани амнияту субот дар қаламрави кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои иртиҷоию тиҳимағз мо ҷавонон ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бо ҳиси баланди масъулиятшиносӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои дифои Ватан омодаем.

 

Сарафрозӣ, ободӣ ва хушнудии мо аз амну осоиши сартосарӣ дар қаламрави мамлакат сарчашма мегирад. Ғурури миллӣ ва дӯст доштани арзишҳои миллӣ маҳз аз мутолиа кардани таърихи пурғановати миллати тоҷик маншаъ гирифта, роҳнамои хубест дар ҷодаи дӯстдории Ватан ва муқаддасоти олии он. Дӯст доштани Ватан яке аз падидаҳои олиест, ки ҳар лаҳза меҳри беандозаеро ба мо мебахшад ва моро аз пештара дида моилу дӯстдор ва дилгарми ин марзи муқаддас мегардонад.

 

Кору амалҳои созандаи гузаштагони мо баҳри ободии Ватан равон шуда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо дар ободии ин марзи муқаддас саҳми худро гузоштаанд. Бо пайравӣ аз кору амалҳои созандаю мондагори онҳо, моро зарур аст, ки худ дар ободии кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошем ва ин андешаҳои худро дар амал татбиқ намоем. Чуноне мегуянд “Ватандӯстӣ на дар гуфтор, балки дар амал собит мешавад”. Бале, дар амал татбиқ ва ба иҷро расонидани корҳои бузургу созандаро дар Ватан ҳадафи асосии худ қарор диҳем. Моро мебояд бо дасту дили гарм ва ба амалҳои созанда, иқдом намоему ҳамеша дар роҳи ободии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон саҳмгузору масъулиятшинос бошем.

 

Пайрав ИЗАТУЛЛОЗОДА

омӯзгори Академия,

Баҳром ШАРАФЗОДА

магистранти Академия

Похожие записи