САҲМГУЗОРИИ КОРМАНДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ АКАДЕМИЯ ДАР ОБОДОНИИ ДИЁР

IMG_4176

Субҳи имрӯз, 8 май баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бахшида ба солгарди 76-уми Ҷашни Ғалабаи бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳиссагузорӣ дар ободонию хуррамгардонии диёр, иҷрои тозакориҳо ва сарсабзгардонии пойтахт дар ҳудуди кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонӣ шанбегӣ доир намуданд.

 

Дар доираи шанбегӣ бо иштироки кормандону устодон ва донишҷӯёну магистрантони Академия дар ҳудуди кӯчаи мазкур корҳои тозакунию сабзкорӣ сурат гирифта, донишҷӯёну кормандони Академия саҳни боғу гулгаштҳо, роҳравҳо ва нишасткурсиҳоро тозаву озода карда, партовҳоро рӯбучин намуданд.

 

Бояд тазаккур дод, ки ҳадаф аз баргузории чунин корҳои ободонӣ саҳм гузоштан хуррамгардонии диёр буда, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ҳисси зебоипарастии онҳо мебошад.

 

Устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ҳар ҳафта чунин корҳои ободонию сабзкориро идома медиҳанд.

 

Похожие записи