СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: «ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ОИД БА МУБОРИЗА БО ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА»

IMG_20210224_151426

Мувофиқи Нақшаи кории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 дар доираи лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV)” барои мудирони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раис ва мудирони шуъба ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

 

Дар асоси мувофиқа бо намояндагии филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV)” гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ рӯзҳои 22-26 феврали соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон ва 1-2 апрел дар вилояти Суғд доир шуд. Дар умум 89 нафар хизматчиёни давлатӣ ба семинари омӯзишӣ ҷалб гардиданд.

 

Дар семинари мазкур тренерони миллӣ Ғафурзода А.Д., Мухторов З.М., Бобозода Ф.Т. ва Қосимзода М.Ф. иштирок намуданд.

 

Семинарҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд баргузор гардида, тибқи барномаи семинар барои шунавандагон машғулиятҳо вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила омӯзонида шуд.

 

Ҳамзамон дар доираи семинарҳои мазкур мавзӯъҳои заминаҳои ҳуқуқии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар сатҳи маҳал, механизмҳои татбиқи сиёсати пешгирии зӯроварӣ дар оила дар сатҳи маҳаллӣ, методҳои омӯзишӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, зӯроварӣ дар оила – сабабҳо ва омилҳои ангезанда, мафҳуми хушунату зӯроварӣ дар оила ва таъсири ин зуҳурот ба ҷамъият, ҳамкории мақомоти худидоракунии маҳаллӣ бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила, мундариҷаи намунавии барномаи маҳаллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва амсоли инҳо иттилои муфассал дода шуд.

 

Дар рафти семинар зарурати ҳифзи институти оила, ки яке аз проблемаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза ва оила ҳамчун воҳиди ягонаи асоси пойдории ҷомеаи инсонӣ ба шумор меравад, таъкид гардид. Пошхӯрии оила ва халалдоршавии муносибатҳои оилавӣ аз сарчашмаҳои асосии мушкилиҳо ва муаммоҳои печидаи иҷтимоӣ ба шумор мераванд, ки ин масъала низ дар рафти семинарҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Дар рафти семинар тарзи дуруст истифода бурдани методҳои расидан ба ҳадаф, роҳнамоӣ, пеш бурдани кори муайян, ҳалли масъалаи мубрам, танзими муносибатҳо ва талош барои комёбиҳоро шарҳу тавзеҳ доданд. Инчунин истифодаи бамавриди методу усулҳои суҳбат, фокус-группаҳо, таҳлили вазъият, конференсияҳои оилавӣ, мубоҳисаҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҷаласаҳои муштарак ва чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятиро омӯзониданд.

 

Дар анҷоми семинарҳо намояндагони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба иштирокчиён зарурати беш аз пеши иҷрои уҳдадориҳои хизматчиёни давлатиро дар самти пешгирии зӯроварии оилавӣ таъкид намуданд.

 

Семинарҳои омӯзишӣ бо супоридани сертификатҳо барои иштирокчиён ба итмом расид.

 

Бояд тазаккур дод, ки ҳамкориҳои Академия бо намояндагии филиали ГОПА мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV)” аз соли 2018 ба роҳ монда шуда, дар ин давра ду модул таҳия гардида, 7 семинарҳои омӯзишӣ дар ҳама вилояту минтақаҳои Тоҷикистон гузаронида шуд.

 

Дар доираи ҳамкориҳо дар Академия Маркази пешгирии хушунати хонаводагӣ таъсис ёфта, фаъолият дорад.

 

Аксҳо

Похожие записи