СИМОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҶОДИЁТИ АДИБОНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Президент России В.Путин встретился с президентом Таджикистана Э.Рахмоном в Сочи

 (дар мисоли ашъори Шариф Раҳмон)

 Чеҳраи Пешвои миллат бо вежагии сиёсати оқилона ва беназираш дар адабиёти даврони истиқлоли мо, ба хусус дар ашъори адибони ҷавони тоҷик бо тобишҳои нав ба нав инъикос ёфтааст. Мусаллам аст, ки муҳимтарин рукни давлатдории Пешвои миллат дар наҷоти миллату давлат аз вартаи ҳалокат ва асосгузории давлати тоҷикон дар марҳилаи ҳассос ва сифатан нави таърихист. Ҳамин нукта-мактаби хоси ватандорӣ ва шеваи комилан нави сиёсатмадории Пешвои миллат ҳамчун эҷодгари сулҳу суботи Тоҷикистон ва таҳкими он ва ба ин васила рушди ҳамаи соҳаҳои ҷомеа, ба вежа такомули ҳаёти иҷтимоии ҷавонон дар адабиёти имрӯзи тоҷик ҳамаҷониба таҷассум ёфтааст.

Дар ин замина, дар ашъори Шариф Раҳмон дидори рӯи Пешвои миллат ба як ҷашни фархунда, иди воқеӣ баробар дониста шудааст:

 

Дастии дуои халқ бувад баҳри рӯзгор,

Дасти дуои ман ба нумӯи Эмомалӣ.

Иди тамоми халқ бувад сайри бӯстон,

Иди ман аст дидани рӯи Эмомалӣ.

 

Шоир ба андозаи умр дидори Пешвои миллатро ҷадидияти шахсӣ медонад, ки аз як тараф сифати тоза дар адабиёт ва аз нигоҳи дигар сидқу самимияти ӯро ба Президенти кишвар ифода менамояд:

 

Дидори ту, Эмоми Алӣ иди ман аст,

Андозаи умри хеш таҷдиди ман аст.

Аз файзи ту кишварам ба Ваҳдат омад,

Ваҳдат ба Худо, дубора тавлиди ман аст.

 

Дар ашъори Шариф Раҳмон Пешвои миллат дар таркибҳои «ободгари хонаи дил», “нуру зиёи Ватан”, “садои Ватан”, “иқболи баланду эътибори тоҷик” ва амсоли инҳо тавсиф ёфтааст, ки ишора ба бунёдсозӣ ва таҳкимбахшии истиқлолияти давлатӣ ва ҳувияти миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат аст:

 

Эмоми Алӣ Илоҳӣ боло бошӣ,

Тоҷи сари мардумони дунё бошӣ.

Аз дасти ту хонаи дилам гашт обод,

Дар хонаи дил ҳамеша мавло бошӣ.

Ва:

Эмоми Алӣ нуру зиёи Ватан аст,

Бунёдгар асту муттакои Ватан аст.

Иқболи баланду эътибори тоҷик,

Бар гӯши ҷаҳониён садои Ватан аст.

 

Президенти кишвар ба куҷое, ки сафар намояд, симои зоҳирии ҳамон мавзеъ зебову пуротароват мегардад. Аз ин рӯ, дар урфият “қадами шоҳ файзбор аст” гуфтаанд. Шоир низ фармудааст:

 

Эмоми Алӣ, ки Тоҷикистони ман аст,

Сар то қадамаш муҳаббати ин Ватан аст.

Ҳар ҷо, ки назар кунад ҳамон ҷо сабз аст,

Ҳар ҷо, ки қадам ниҳад, ҳамон ҷо чаман аст.

 

Шариф Раҳмон  бо ин намуна гуфтанӣ аст, ки ҳар гоҳ сухан дар мавриди Президенти кишвар равад, хоҳу нохоҳ симои Тоҷикистон пеши назар меояд ва агар сухан оид ба Пешвои миллат бошад, ҳатман рӯйи назарамон Тоҷикистони соҳибистиқлол падидор мешавад:

 

Ҳар ҷо, ки по бигзоштӣ, гулзор кардӣ он макон,

Эй хоки поят тутиё, эй гавҳари чашмони мо.

 

Симои Пешвои мимллат, ҳамчунин, дар таркибҳои “нуррасон”, “дастурдеҳи зиндагӣ”, “тантанабахши сулҳу субот”, “бахшандаи умри абадӣ ба кишвар” инъикос гардидааст. Ифодаи “бар зиндагӣ дастур овардан” ишора ба эҷоди истиқлолияти давлатӣ ва ҳувияти миллӣ аз ҷониби Пешвои миллат аст, ки дар ашъори Шариф Раҳмон омадааст:

 

Эмоми Алӣ ба хонам нур овард,

Бар зиндагиям дубора дастур овард.

Аз ваҳдату аз тантанаи сулҳу субот,

Умри абадӣ ба мулки машҳур овард.

 

Чеҳраи Президенти мамлакат дар эҷодиёти Шариф Раҳмон бо сифати созандаи бузургтарин иншооти аср – НБО Роғун, эҳёкунандаи суннатҳои мардумӣ, посдори бузургони дини ислом, аз қабили Имоми Аъзам низ ба қалам дода шудааст, ки маҷмӯи ин омилҳо дар тақвият ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ҳувияти миллӣ инъикос мегардад:

 

Роғун созад, ки нур орад ба Ватан,

Сад ҳашмату сад ҳузур орад ба Ватан.

Бар қасди тамоми душманони миллат,

Дастури бақову зур орад ба Ватан.

 

Мусаллам аст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳофаринии миллати тоҷикро таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми кишварҳои гирифтори ҷанг буда, мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд. Дарвақеъ, сулҳи тоҷикон модели нодир ва намунавор буда, асоси таҳкими истиқлолияти давлатии мо ва ҳувияти миллии мо маҳсуб мешавад, ки дар шеъри Шариф Раҳмон бо паҳлуҳои гуногун васф карда шудааст:

 

Дунё биомӯзад зи ту расму русуми сарварӣ,

Эй сарвари сулҳофарин, эй нури нуристони мо.

Эҳёгари миллат туӣ, созандаи давлат туӣ,

Дармони сад иллат туӣ, эй пири равшанҷони мо.

 

Парчамафшонии маънавию моддии Тоҷикистон бо Сарвари давлат вобаста аст. Яъне, маҳз Пешвои миллат дар пойтахти Тоҷикистон баландтарин парчами оламро бунёд гузошт ва аз ҷониби дигар парчамафшонии кишвар – ободию озодӣ ва рушду нумӯи онро асоси боэътимод гузошта, ба оламиён муаррифӣ намуд. Бо ибораи дигар, Пешвои миллат Парчами ҳувияти миллии моро дар арсаи олам баланд бардошт ва ҷилваи тоза бахшид:

 

Эй шоми миллатро саҳар, эй парчами давлат ба сар,

Эй Тоҷикистонро сипар, эй бахти нурафшони мо.

Нуру зиё овардаӣ, сулҳу сафо овардаӣ,

Бар кишвари маҳбуби мо, Эмомалӣ Раҳмони мо.

 

Шариф Раҳмон дар ҷои дигар гуфтааст:

 

Дар хизмати давлат ман, давлат танаму ҷонам,

Фарзанди накуноми Эмомалӣ Раҳмонам.

 

Хулоса, дар ашъори Шариф Раҳмон симои Пешвои миллат бо сифатҳои гуногун васф шудаанд, ки дар адабиёти соҳибистиқлоли тоҷик як навъ навҷӯӣ буда, зебо, ҷаззоб, шоирона, нотакрору тоза ба шумор рафта, аз ҷавҳари меҳру самимияти шоир нисбат ба Президенти кишвар гувоҳанд.

 

Аброр НАЗИРОВ,

корманди Академия

Аксҳо