Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_2591

Таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сардорони раёсат ва шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки то 24 октябри соли 2020 баргузор мегардад, ифтитоҳ гашт.

Дар расми ифтитоҳи курс, Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аюбӣ Бибиосия – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғанизода Ибодат – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд, ки имрӯз Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ чун дигар давлатҳои пешрафта, бо азму талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат қадамҳои устувори хешро ба сӯи ояндаи неку дурахшон якҷо бо ҷавонони дорои истеъдодҳои нотакрор ва ояндасоз гузошта истодааст. Боиси ифтихору сарфарозист, ки Президенти маҳбуби кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари таваҷҷуҳи худ қарор медоданд, ки ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар идома дорад. Ҳанӯз 2 феврали соли 1993 Сарвари давлат бо ҷавонони мамлакат мулоқоти хосе доир намуданд, ки аҳамияти таърихӣ касб кард. Он вақт оташи ҷанг ҳанӯз ҳам хомӯш нагардида, дар баъзе ноҳияҳо садои тиру туфанг ба гӯш мерасид. Пешвои миллат дар суханронии худ дар ин дидор иброз намуда буданд: “Имрӯз дар ин толор ман чеҳраҳои кушоди  шумо, гармии чеҳраи ҷавонони кишварро эҳсос мекунам. Мақсад доштам қаблан бо падарону пирону барнодилони рӯзгордида мулоқоте доир намоям, чунки онҳо зиндагиву ҳастии худро барои обод намудани ҷумҳурӣ сарф кардаанд. Аммо ҷавонии шумо  ақидаамро дигар кард, маро водор сохт, ки аввал бо шумоён вохӯрӣ намоям. Мехоҳам, ки дар ин суҳбати рӯёрӯй андешаҳои худро иброз дошта, ҳадафҳоямро фаҳмонам. Дар ин толор ҷавононе ҳастанд, ки барои пешравии ҷомеаи мо маслиҳату пешниҳодоти муфид медиҳанд…”

Абдулло Раҳмонзода, дар суханронии хеш қайд намуд, ки ҷавонон ӽамчун неруи созанда кишвар буда, дар рушди босуботи мамлакат пайваста саӽмгузоранд. Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбаранда маҳсуб ёфта, давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, қувваи созанда, ҳифзкунанда ва муаррифгари фарҳангу мероси аҷдодони баруманди халқи тоҷик, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ояндаи миллату давлат ва пайравони асили Пешвои миллатанд.

 

Ректори Академия бо ишора ба таҳаввулотҳои дар бисёр кишварҳо баамаломада, таъкид дошт, ки ҳаряки моро зарур аст, зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста кӯшиш намоем, то бадхоҳони миллат ҳадафҳои ғаразноки худро пиёда дар кишвари мо амалӣ насозанд.

Дар рафти ифтитоҳи курси мазкур оид ба таваҷҷуҳи имрӯзаи давлату ҳукумат нисбат ба соҳаи хизмати давлатӣ, инчунин дастгирии мутахассисони ҷавон ва ҷалби онҳо ба курсҳои омӯзишӣ ёдрас шуда, аз ҷумла қайд гардид, ки курсҳои такмили ихтисос воситаи хубеанд, ки хизматчиёни давлатӣ дониши худро такмил дода, аз таҷрибаи ҳамдигар омӯхта дар фаъолияти минбаъдаи худ истифода мебаранд.

Аксҳо