СОЛИ 2025 – СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

286781257_396032925900776_5216817851671223007_n

Боиси ифтихори мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим, ки 14 декабри соли 2022 баргузор гардид, пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарафдории 153 давлатҳои аъзо дастгирӣ ёфта, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо эълон гардид. Инчунин дар ҳамин ҷаласа дар назди ин созмони бонуфузи умумиҷаҳонӣ Фонди боэътимоди махсус барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Ҷонибдории ташаббусҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим аз боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

 

Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани худ ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра равона карда шудаанд, эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад. Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати беҳдоштӣ аз чунин ташаббусҳо ба ҳисоб мераванд. Инак, пешниҳоди мазкур ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барои дар амал татбиқ намудани он дар СММ Қатъномаи махсус қабул гардидааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки мувофиқи қатъномаҳои аз тарафи СММ қабулгардида, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ниҳоят солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардиданд.

Ҳамин тариқ, дар тӯли зиёда аз ду даҳсола Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об дар ҷаҳон ҳамчун давлати пешоҳанг ва ташаббускор пазируфта шуда, ҳоло ин иқдомро давом дода истодааст. Дар ин муддат дар ҳошияи ташаббусҳои номбурда дар давлатҳои гуногуни дунё, аз он ҷумла дар Тоҷикистон, платформаҳое ташкил карда шуданд, ки дар он масъалаҳои марбут ба об баррасӣ карда шуда, бо истифода аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ин масъалаҳо то як андоза ҳалли худро ёфтанд.

7 ноябри соли 2022 дар давлати Миср Иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҷаноби Олӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва таназзулёбии пиряхҳои ҷаҳон ва аз он ҷумла, ба пиряхҳои Тоҷикистон, торафт кам гардидани захираҳои оби тоза ва оқибатҳои фалокатовари он ҷалб намуда қайд намуданд, ки “Бо дарназардошти он ки пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон, ки дар ҳудудаш 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, ин раванд ба нақшаҳои истифодаи об дар кишварҳои минтақа мушкилоти иловагиро ба бор хоҳад овард. Дар ин замина, мо дар доираи Эътилофи обу иқлим пешниҳод намудем, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад”.

Зарурияти ҳифзи пиряхҳоро Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ҳанӯз дар ҷаласаҳои қаблии Ассамблеяи генералии СММ таъкид намуда буданд: “Бинобар тағйирёбии иқлим ва ба ҳисоби миёна то 1оС гарм шудани ҳарорати миёнаи солона пиряхҳо бошиддат об шуда, захираи оби тоза дар сайёра, аз он ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол кам шуда истодааст.”

Қайд намудан зарур аст, ки бо сабаби тағйирёбии иқлим бошиддат обшавии пиряхҳо на фақат ҳаҷми захираҳои оби тозаро кам мекунад, балки оқибатҳои бисёр харобиовару ҳузнангез низ дорад. Аз рӯйи маълумотҳои ташкилотҳои гуногуни экспертӣ маълум мегардад, ки дар ҳолати ҳозира дар ҷаҳон 844 миллион нафар одамон ба оби тозаи тозаи ошомиданӣ дарстрасӣ надоранд ва 1,8 миллиард нафар аз оби ифлос истеъмол мекунанд ва 2,4 миллиард нафар ба ҳолати беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.

Дар давраи аз соли 2000 то соли 2016 дар натиҷаи селу обхезиҳо 107 ҳазор нафар фавтида, ҳамасола ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ миллионҳо доллари ИМА зиён мерасад. Аз рӯйи арзёбии пешакӣ, то соли 2050 арзиши иншоотҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар минтақаи хавфи селу обхезиҳо ҷойгир мешаванд, ба 45 триллион долл. ИМА баробар хоҳанд шуд.

Бунафша ШАРИФЗОДА

магистранти Академия

Похожие записи