СУЛҲОФАРЕ АЗ ТАБОРИ КАЁН

президент 2

Тоҷикон миёни дигар миллатҳои Осиёи Миёна ягона миллати дорои таърихи бою куҳан буда, ориёинажод мебошанд. Фарҳанг ва тамаддуни ин миллат бою рангин буда, реша дар умқи таърих дорад. Ҳарчанд тоҷикон дар тӯли таърих борҳо зери шиканҷа ва истисмори аҷнабиён қарор гирифта бошанд ҳам, ҳифзи фарҳангу маданият ва забони худро афзалтар аз ҷони худ донистаанд.

 

Халқи дар тӯли ҳазор сол аз ҳаққи давлатдорӣ бенасиб монда зери роҳбари фарзанди сарсупурда, ҳомии халқу миллат, ҷонфидои насли дирӯзу имрӯзи Ватан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора соҳиби давлати мустақили худ шуд.

Баргардонидани гурезаҳои ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани иқтисоди фалаҷгашта ва рукнҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот дар кишвари маҳбубамон яке аз ҳадафҳои асосии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари кор омаданашон маҳсуб меёфт. Дар рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ба гурезаҳои тоҷик муроҷиат намуда гуфта буданд:

“Тоҷикони ғарибафтода, ҳамаи ҳамватаноне, ки дар айёми ноосудагии кишвар хоки Тоҷикистонро тарк намудаед, ман ба шумо муроҷиат мекунам. Магар нолаи чуғзе нашунидед, ки манзилатон ба ёд намеояд? Ба Ватани худ баргардед. Хонаи шумо танҳо ба шумо насиб мекунад. Ман намедонам дар ғурбат чӣ шуморо нигоҳ медорад. …Ба Ватан баргардед. Аммо мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем.  Паҳлуи ҳамдигар истода, Ватани вайронашудаамонро обод мекунем…”

Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ дар таърихи 16 ноябри соли 1992 ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд. Бояд қайд намуд, ки санаи 16-ум санаи муайянкунандаи тақдири минбаъдаи миллату давлати тоҷик буд.

Аз ин рӯ, 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” баррасӣ ва қабул намуданд, ки дар асоси он ҳамасола санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад.

Воқеан ҳам он дастовардҳое, ки миллати тоҷик баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ тӯли ин се даҳсола ба даст овард, дар таърих бесобиқа аст. Масалан, дар тӯли се даҳсола тафаккури мустақили давлатӣ ба вуҷуд омад. Дар ниҳоди тоҷикон ифтихор аз таъриху тамаддуни миллати худ дубора пайдо шуд. Эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиву маънавии миллати тоҷик ва сохтани давлати озоду демократӣ ба вуҷуд омад. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ин мамлакат пурра кафолат дода шуд. Дар ниҳоди миллати тоҷик эҳсоси худогоҳӣ, хештаншиносӣ, рӯҳияи олии ватаншиносӣ, ҳифзи забон, фарҳанг, маданият ва чандин унсурҳои дигаре монанди инҳо ба вуҷуд омад. Ҳамчунин, бо ба даст овардани истиқлолияти комили сиёсӣ анъанаи давлатдории тоҷикон аз нав эҳё гардид, ягонагии ҳудудии мамлакат хифз гардид, модели давлатдории муосир дар замина ва пояи давлатдории гузаштагони тоҷикон дубора эҳё гардид, дар мамлакат сулҳ барқарор гардид, ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омад, мақоми байналмилалии Тоҷикистон дар ҷаҳон барқарор гардид.

Таҷрибаи сулҳофарии Пешвои муаззами миллат дар таърихи беш аз 70 солаи Созмони милали Муттаҳид ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ шинохта шудааст.

Хизматҳои ин абармарди сиёсат дар таърихи халқи тоҷик абадӣ бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд. Зеро ин мустақилияте, ки ҳоло ба даст овардаем, мустақилияте мебошад, ки барои он тӯли ҳазор сол аҷдодонамон мубориза бурдаанд, ҷонбозиҳо кардаанд, шикастҳо хӯрдаанд. Пас месазад, ки ба қадри ин муборизаҳо, ҷонбозиҳо ва шикастану дубора сарболо шуданҳои миллати худ бирасем ва сарҷамъона чун ангуштони як даст ҳамроҳу ҳамдарду ҳамроз бошем.

 

Шобегим МАЛИКШОЕВА,

 сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ

ва илмӣ-педагогӣ