СУЛҲУ ВАҲДАТ МЕҲВАРИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

IMG_7909

Таърихи ҳар як халқу миллат пур аз воқеаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар ҷараёни як асри охир миллати тоҷик давраи пур аз тазод ва муборизаҳои пурфоҷиаро паси сар намуда, зинаи инкишофи давлату давлатдорӣ ва роҳи сахту сангини расидан ба сулҳу салоҳ ва истиқлолияти миллиро паймудааст.

 

Баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шўравӣ, ки дар ҳудуди он давлатҳои алоҳидаи мустақил таъсис ёфтанд ва дорои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ шуданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дурдастарин ҷумҳурии Иттиҳод буда, 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дувуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, дар сарнавишти давлати навини тоҷикон марҳилаи тозаи таърихиро ифтитоҳ бахшиданд.

 

Дар арсаи таърих бисёр халқҳои ин ё он кишвар дар оѓози марҳилаи навини давлатдории хеш ба ихтилофоту дигаргуниҳо рӯ ба рӯ шуданд, ки баҳри устуворӣ ва пойдорсозии дастовардҳои миллиашон пайгирона талош варзидаву ҷонисориҳо намуданд. Бо тоҷикон низ дар марҳилаи аввали истиқлолият чунин ҳодиса рух дод ва зидиятҳои гурўҳӣ ба миён омаданд, оташи ҷанги байни ҳамватанон аланга зада, хатари аз байн рафтани давлати навини тоҷикон ва парокандашавии миллат ба миён омад. Дар чунин вазъият, ҷумҳурӣ ба як сарвари бохираду хушбин ва иродатманду миллатдўст ниёз дошт.

 

Аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, дар Қасри Арбоб Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Иҷлосия 19-ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмонро бо овоздиҳии пинҳони ба вазифаи Раиси Шўрои Олӣ интихоб намуд. Баъди Сарвари давлат, Раиси Шўрои Олӣ интихоб гардидан, барномаи сиёсии хешро ба таври мушахсасу возеҳ иброз дошт: “Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ман таёрам ҷони худро нисор кунам”.

 

Вале ҳамоно ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Баъди гузашти солҳо ба таърих назар афканда, он лаҳзаҳои пурдоѓу пурдардро мебинем ва дарк мекунем, ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он вақт ҷонашро барои сулҳ ба гарав монда будааст. Чуноне, ки ин абармарди ватанпараст дар рўзи аввали Роҳбари давлат интихоб шуданаш, чунин гуфта буд: “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳ меорам ё дар ин роҳ ҷони худро нисор мекунам”.

 

Дар чунин шароит бо мақсади аз ин вазъи сангин раҳо ёфтан, моҳи апрели соли 1994 гуфтушуниди ҳайати ҳукумати қонунии Тоҷикистон ва иттиҳоди мухолифини тоҷик оѓоз ёфта, то моҳи июни соли 1997 давом кард ва ин музокирот дар он давра дастоварди бузургтарин дар роҳи сулҳу субот буд. Гуфтушунидҳои мазкур дар кишварҳои ҳамсоя, дар ҳузури созмонҳои байналхалқии ҷаҳон, аз он ҷумла СММ, Созмони амняту ҳамкори дар Аврупо, ИДМ ва монанди инҳо дар тули 40 моҳ сурат гирифт. Дар натиҷа 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон” қабул шуд ва ин сана дар тақвими миллати мо, ҳамчун Рузи Ваҳдати миллӣ сабт гардид.

 

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвари соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: Созишномаи умуми аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёри ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.

 

Таҷрибаи гуфтушуниди тоҷикон, ки дар ниҳояти кор бо сулҳ ба анҷом расид, хусусан барои давлатҳое, ки имрўзҳо ба чунин вазъият дучор омадаанд, намунаи ибрат гардидааст. Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ мансуб медонанд. Дар шаҳри Душанбе дар таърихи 26-27 апрели соли 2001 гузаронидани Симпозюми байналхалқии “Таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон” далели гуфтаҳост.

 

Дар таърихи бисёр кишварҳое, ки ҷанги ҳамватаниро аз сар гузаронидаанд, муҳоҷирони гуреза зиёд буданд. Ҳеҷ кадоме аз роҳбарони ин кишварҳо пас аз басанда шудани ихтилофу низоъҳои миллӣ гурезаҳои худро ба ватани аҷдодиашон баргардонида натавонистанд. Аммо Сарвари давлати тоҷикон дар ин роҳ мувафақ гардид.

 

Таърих ва миллати тоҷик, бахусус тоҷикони ҷаҳон ѓамхориҳо ва заҳматҳои шабонарўзии Сарвари давлати тамоми тоҷикони дунё Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, бахусус дар ҷараёни баргузории гуфтушунид дар қаламрави Афѓонистон, дар мулоқоте, ки 11 декабри соли 1996 баргузор гардид, ҳаргиз фаромуш нахоҳад кард. Ҷараёни ин мулоқот дар китоби рузноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Генади Шалаев “Роҳ ба суи созиш” чунин шарҳ ёфтааст: “Эҳтимол вохӯрии аз ҳама пуршиддат ва хатарноку бемисл дар Афѓонистон 11 декабри соли 1996 баргузор шуд. Вақте сарвари гурўҳи мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки гуфтушунидро дар рустои Хусдеҳ ки дар шимоли Афѓонистон, вилояти Тахор ҷойгир аст, гузаронанд, гӯё иродаи қавии Президентро месанҷид. Пешвои миллат бе ягон дудилагӣ рози шуд: –Ман тайёрам дар ҷой ва дар он соат вохӯрам. Муҳим он аст, ки вохӯриам судманд бошад…

 

Аз рӯи маслиҳати пешакӣ чархболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд дар сарҳад пешвоз гирифта мешуд. Вале дар сарҳад чархболи Сарвари давлатро касе пешвоз нагирифт. Дастаи посбонони Президент иброз мекарданд, ки ба Душанбе баргарданд. Вале ин соат ѓанимат буд, ки то созишномаи умумии оташбас имзо нагардад, ҷавонони зиёде аз ду ҷониб талаф меёбанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон дод, ки ба парвоз идома диҳанд. Маълум аст, ки касе чизеро саҳв кардааст ва нодуруст фаҳмидааст. Дар он тарафи марз Президент ва ҳайати кории ӯро хушӣ интизор буд…

 

Маҳз ин воқеа бар хилофи чашмдошт хеле бомуваффақият анҷом ёфт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳи Нурӣ “Протокол дар бораи ба танзим даровардани вазъияти сиёсӣ дар минтақаҳои ҷанг”-ро имзо карданд.

 

Бо ин ҳама ҷонбозиҳо ин абармарди дунёи сиёсат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба Тоҷикистон ва тоҷикони тамоми дунё сулҳ биёрад. Сулҳу ваҳдат натанҳо тоҷикони дар Тоҷикистон бударо, балки тамоми тоҷикони дур аз Ватан ҷойдоштаро муттаҳид намуд.

 

Маҳмадов ИБРОҲИМ,

муовини сардори раёсати таълими Академия

Похожие записи